Сураи Фуссилат Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 17

وَاَمَّا ثَمُوۡدُ فَهَدَيۡنٰهُمۡ فَاسۡتَحَبُّوا الۡعَمٰى عَلَى الۡهُدٰى فَاَخَذَتۡهُمۡ صٰعِقَةُ الۡعَذَابِ الۡهُوۡنِ بِمَا كَانُوۡا يَكۡسِبُوۡنَ‌ۚ ١٧

Ва амма Самуду фа ҳадайнаҳум фастаҳаббу-л-ъама ъала-л ҳуда фа ахазатҳум саъиқату-л-ъазаби-л-ҳуни би ма кану яксибун. 17.

17. Ва аммо Қавми Самудро (бо пайғамбарон) роҳбарӣ кардем, пас, онҳо нобиноиро бар роҳёбӣ тарҷеҳ доданд, пас, ба сабаби он чӣ мекарданд, онҳоро оташаки азоби хоркунанда фаро гирифт.

Қавми Самуд ҳам ба хотири он ба азоби илоҳӣ гирифтор гаштанд, ки чун ба онҳо роҳи росту саодат баён карда шуд, онро нодида гирифтанд. Худро мисли нобино вонамуд сохтанд, кӯриро аз биноӣ беҳтару болотар шумориданд. Яъне арзишу баҳои гумроҳиро бар ҳидоят ва куфрро бар имон баланд донистанд. Ин буд, ки ба фиристодаи Аллоҳ, яъне Солеҳ (а) ҳусни таваҷҷуҳ надоштанд ва даъвати ӯро ҳатто шунидан нахостанд. Нисбати ӯ ҳар гуна фишору тазйиқ ва мазоҳро ба кор бурданд. Муъҷизаҳо (аз ҷумла уштур)-и зоҳирнамудаи ӯро бовар накарда, ҳатто ӯро дурӯғгӯй ҳисобиданд. Дар натиҷа ба азоби сахти Аллоҳ таъоло гирифтор гардиданд. Азоб як садои бадҳайбату гӯшкаркунанда ва дилтарконандаю ҷонберункунанда буд, ки ҳама ба ҳалокат расиданд. Ин аст натиҷаи ҳақиқатро нодидану ғафлат варзидан.

Локин, чуноне ки ояти зер мефармояд, аз байни онҳо баъзеҳо наҷот ёфтанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)