Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 16
فَاَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيۡحًا صَرۡصَرًا فِىۡۤ اَيَّامٍ نَّحِسَاتٍ لِّـنُذِيۡقَهُمۡ عَذَابَ الۡخِزۡىِ فِى الۡحَيٰوةِ الدُّنۡيَا ؕ وَلَعَذَابُ الۡاٰخِرَةِ اَخۡزٰى وَهُمۡ لَا يُنۡصَرُوۡنَ ١٦
Фа арсална ъалайҳим рӣҳан сарсаран фи аййамин-н-наҳисати-л ли нузӣқаҳум ъазаба-л хизйи фи-л-ҳайати-д-дунйа. Ва лаъазабу-л ахирати ахза. Ва ҳум ла юнсарун. 16.
16. Пас, дар рӯзҳои шум (наҳс) бар сари онҳо азоби шадид (боди ғуррон)-ро фиристодем, то онҳоро дар зиндагонии дунё азоби расвоиро бичашонем. Ва албатта, азоби охират расвокунандатар аст ва касе ба ёрии онҳо нашитобад…
Яъне бар сари Қавми Од азоб дар сурати шамоли ниҳоят тунду босуръат ва сарду бо овози баланд нозил шуд. Дар натиҷа онҳо бо расвоӣ ба ҳалокат расиданд. Чаро он рӯзҳоро наҳсу шум ва бебаракат номиданд? Зеро дар он рӯзҳо ба ҷуз ҳалоксозии ин Қавми гумроҳшуда дигар ягон шуғле набуд. Ба онҳо барои амалҳои бадашон дар ҳамин дунё мукофоти арзанда дода шуд. Азобе, ки дар охират барояшон муқаррар гардидааст, нисбат ба азоби дунё чандин маротиба сахттару хоркунандатар хоҳад буд. Он ҷо чизе ё касе ба фарёд ва ёрии онҳо нахоҳад расид. Ояти зер ҳам, ҳоли Қавми саркаши дигареро, иншоаллоҳ, баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «