Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 28
ذٰلِكَ جَزَآءُ اَعۡدَآءِ اللّٰهِ النَّارُ ۚ لَهُمۡ فِيۡهَا دَارُ الۡخُـلۡدِ ؕ جَزَآءًۢ بِمَا كَانُوۡا بِاٰيٰتِنَا يَجۡحَدُوۡنَ ٢٨
Залика ҷазау аъдаиллаҳи-н-нар. Лаҳум фӣҳа дару-л хулд. Ҷазаан би ма кану би айатина яҷҳадун. 28.
28. Ин аст ҷазои душманони Аллоҳ, ки Ҷаҳаннам аст. Онҳо дар он сарой ҷовидон бошанд. Ин ҷазо ба сабаби он аст, ки онҳо оятҳои Моро инкор мекарданд.
Аллоҳ таъоло зимни ояти мазкур фармудааст, ки ин намуд азоби бадтарину ҷазои сазовор (ки оташи Ҷаҳаннам асту дар оятҳои Қаблӣ зикр шуд) барои шахсоне, ки ба Аллоҳу пайғамбар ва ба оятҳои китоби Аллоҳ (Қуръон) душманӣ намуда, нисбати оятҳои он беҳурматӣ намуданд, муқаррар шудааст. Сарои Ҷаҳаннам барои ин гуна шахсон ҷазои ҷовидон хоҳад буд. Зеро онҳо дарк намуданд, ки Қуръон китоби бузург аст ва он бо услубу нигориши худ башарро оҷиз гардонидааст ва дорои нерӯи тасхирсози (ромгардонандаи) Қалбҳои инсонҳост. Локин онҳо барои пешгирӣ аз таъсири Қуръону дини мубини Ислом тадбирҳо ҷустаанд. Содир шудани ин гуна амалҳо аз онҳо ё аз ғайри онҳо далолат ба он мекунад, ки нисбат ба китоби осмонӣ бетафовутанду ҳақиқати онро инкор мекунанд.
Чун рӯзи Қиёмат ин тоифа хатои хешро дарк месозанд, ба чунин хулоса омада мегӯянд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «