Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 29
وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا رَبَّنَاۤ اَرِنَا الَّذَيۡنِ اَضَلّٰنَا مِنَ الۡجِنِّ وَالۡاِنۡسِ نَجۡعَلۡهُمَا تَحۡتَ اَقۡدَامِنَا لِيَكُوۡنَا مِنَ الۡاَسۡفَلِيۡنَ ٢٩
Ва Қола-л-лазӣна кафару Раббана арина-л-лазайни аЗаллана мина-л-ҷинни ва-л-инси наҷъалҳума таҳта ақдамина ли якуна мина-л-асфалӣн. 29.
29. Ва ононе ки кофир шуданд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду кас (аз ҷин ва инс)-ро, ки моро гумроҳ сохтанд, бо мо бинамо, то онҳоро зери Қадамҳои худ бияндозем, то аз фурӯтармондагон шаванд».
Чун инсонҳои бар асари таъсири кадом шайтон ё инсонҳои шайтонсифат гумроҳу мушрику кофиршуда, вориди Ҷаҳаннам мешаванд, хатогии худро дарк намуда, аз Аллоҳ таъоло дархост намуда мегӯянд, ки ай Парвардигор, мо ба ҳар тақдир гирифтори азоб гардидем. Акнун ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷину инс барои гумроҳ сохтани мо ҳаракат карданд ва бо васвасаҳои худ моро аз роҳи рост заданд, ба мо маълум соз! Мо онҳоро мавриди латукӯби таги пойи хеш Қарор дода, то андозае тасаллӣ ёбему онҳоро ба пасттарин мақоми Ҷаҳаннам (асфаласофилин) равона намоем.
Вале ҳайҳот, ки ин пушаймонӣ ба онҳо фоида надорад. Онҳо дар дунё бояд фарқи дӯсту душман ва фикри оқибати хешро менамуданд.
То ин ҷо аҳволи муҷримону мушрикон зикр шуд ва оятҳи баъдӣ иншоаллоҳ аҳволи некбахтону подоши амали онҳоро баён мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «