Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 32
نُزُلًا مِّنۡ غَفُوۡرٍ رَّحِيۡمٍ ٣٢
Нузула-м мин Ғафури-р-Раҳӣм. 32.
32. Ба тариқаи меҳмонӣ аз ҷониби Бахшояндаи Меҳрубон ҳаст».
Валлоҳу аълам, фариштагоне, ки муъмини содиқро ҳамроҳӣ доранд, дар давоми сухани худ барои дилбардории онҳо мегӯянд, ки мо ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ёвару ҳамроҳи шумоем! Моем шуморо ба он роҳе, ки барои шумо хайр буд ва саодатмандии ҳар ду ҷаҳони шуморо муяссар мегардонид, роҳнамоӣ мефармудем. Акунун дар ин ҷо (дар Ҷаннат) бошад, ҳар чизе, ки нафсҳои шумо хоҳиш мекунад, муҳайёст. Ҳар он чӣ таманно доред, ба шумо инъом мегардад. Дидани неъматҳои Ҷаннат чашмони шуморо рӯшан хоҳад кард. Чунин меҳмондории самимона ва зиёфати олӣ барои шумо аз ҷониби Парвардигорест, ки карами Ӯ беандоза ва мағфирати Ӯ бисёр васеъ аст. Меҳрубонии Ӯ барои бандагони содиқу парҳезгор ниҳоят надорад. Бандагони парҳезгори худро дар оғӯши раҳмати Худ мегирад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «