Сураи Фуссилат Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 4

بَشِيۡرًا وَّنَذِيۡرًا‌ ۚ فَاَعۡرَضَ اَكۡثَرُهُمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُوۡنَ ٤

Башӣра-в ва назӣран фа аъраЗа аксаруҳум фа ҳум ла ясмаъун. 4.

4. (Дар ҳоле, ки) ҳам муждадиҳанда асту ҳам тарсонанда. Пас, аксари мардум (куффор) рӯгардон шуданд, пас, онҳо намешунаванд.

Қуръон барои ононе, ки ба он имон овардаанд, аз наҷот ёфтанашон муждадиҳанда аст. Яъне муъминонро аз Ҷаннати пурнеъмат хабари нек медиҳад. Аммо кофиронро аз азоби Ҷаҳаннам бимдиҳанда аст. Мушрикон бо вуҷуди он, ки Қуръон ба забони модарии онҳо нозил шудааст, аз он рӯгардон шуданд. Зеро онҳо дар бораи маънои оятҳои Қуръон тадаббур (фикру андеша) накарданду намекунанд. Ҳол он ки аксари ин мушрикон аз аҳли илми замони худ буданд. Албатта, ин сухани Аллоҳ таъоло як маломат ва сарзаниши шадид аст ба ҳамаи онҳое, ки ба ин китоб аз рӯи инсоф рӯйи намеоваранд, то дарк намоянд дар зимни ҳар як оят чӣ сирру ҳикматҳо нуҳуфтааст. Дар ояти зер аз гумроҳии мушрикон хабар медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)