Сураи Фуссилат Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 5

وَقَالُوۡا قُلُوۡبُنَا فِىۡۤ اَكِنَّةٍ مِّمَّا تَدۡعُوۡنَاۤ اِلَيۡهِ وَفِىۡۤ اٰذَانِنَا وَقۡرٌ وَّمِنۡۢ بَيۡنِنَا وَبَيۡنِكَ حِجَابٌ فَاعۡمَلۡ اِنَّنَا عٰمِلُوۡنَ‏ ٥

Ва Қолу Қулубуна фи акиннати-м мим ма тадъуна илайҳи ва фи азанина вақру-в ва мин байнина ва байника ҳиҷабун фаъмал иннана ъамилун. 5.

5. Ва гуфтанд: «Аз он чӣ моро ба сӯи он мехонӣ, дилҳои мо дар пардаҳост. Ва дар гӯшҳои мо гаронӣ аст. Ва миёни мо ва миёни ту ҳиҷоб аст. Пас, рав кори худро кун. Албатта, мо низ кори худро мекунем!».

Туғёни мушрикон то андозае аст, ки чун носеҳон онҳоро ба роҳи рушду ҳидоят панд диҳанд лоақал илтифоте зоҳир намесозанд, балки ёваҳоеро ба забон меоранд, ки бори дигар хоҳиши насиҳат намудан дар носеҳ намемонад. Масалан, рӯирост ба Муҳаммад (с) мегуфтанд, ки дилҳои моро чунон парда пӯшидааст, ки панду андарзи ту ба он таъсир расонида наметавонад. Ҳарчи аз тавҳид (яктопарастӣ) мегӯйи ё ғайри он, Қалбҳои мо Қабул надорад. Барои шунидани ин сухан гӯё дар гӯшҳоямон пунба зада шудааст, ҳеҷ ҳарфи туро намешунавем. Гузашта аз ин, миёни мову ту ай Муҳаммад, деворе бардошта шудааст, ки вай манъ месозад, ки ҳарфи матлаби ту ба мо бирасад. Ту кори худро кун ва мо шуғле, ки дорем, онро идома хоҳем дод. Ту бар дини худ бош ва мо бар дини худ. Умедвор машав, ки мо туро пайравӣ мекунем! Наъузу биллаҳ!


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)