Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 3
كِتٰبٌ فُصِّلَتۡ اٰيٰتُهٗ قُرۡاٰنًا عَرَبِيًّا لِّقَوۡمٍ يَّعۡلَمُوۡنَۙ ٣
Китабун фуссилат айатуҳу Қуранан ъарабийя-л ли Қавми-й яъламун. 3.
3. Ин Китобе аст, ки оятҳои ӯ равшан сохташуда, Қуръони арабӣ аст, барои Қавме, ки медонанд,
Қуръон барои маслиҳатҳои диниву дунявӣ як китоби ҷомеъ аст ва чи аз рӯйи оятҳо ва чи аз рӯйи маъно ҷудо ҷудо буда, садҳо навъи илм дар замири оятҳо он ҳувайдост. Каломаш фасоҳату балоғати комилро соҳиб аст. Забони он забони мардуми араб аст. Забони Қуръон забони хитобшудагон аст, то мардуми араб барои дарки маъно ва мақсади он душворӣ накашанд. Ҳам худ бифаҳманд ва ҳам ба дигарон бифаҳмонанд. Албатта, Қуръон бештар барои аҳли фаҳм аст, зеро он аз рӯи банду басти оятҳо, санъати сухан, тарзи баён, услуби иборабандие, ки дорад, ҳамто надорад. Баъди хондану фаҳмидани Қуръон инсони соҳибхирад оҷиз будани худро аз рӯи инсоф эътироф мекунад. Албатта, аз осору таълими Қуръон шахсоне хуб баҳравар мегарданд, ки онҳо бохирад бошанд ва дар илми ин забон олим бошанд ва Қадри ин неъматро донанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «