Гахвора – тахти кудак Ё 7 хосияти гаҳвора (фоидаҳои гаҳвора)

0

Гоҳвора аввалин тахти тоҷик аст. Вожаи гоҳ бо пасванди -вора маънии “мисли даргоҳу боргоҳ”-ро медиҳад. Он аҳамияти зиёд дорад:

  1. Нахуст, гарм мегирад, медонед, дар ин хунукиҳо ин чи қадар аҳамият дорад. Яъне ҳудуди муайян (гоҳе, ки кӯдак ҷойгир аст) гарм аст.
  2. Устухони одам рост мешавад,
  3. Кудак тез хоб меравад. Азбаски маҳкам аст, овоз ҳам намедарояд, ба таъбир яхова намешавад. Парвои ғавғои берун надорад.
  4. Хислати таҳамммулпазирӣ маҳз дар гаҳвора пайдо мешавад.
  5. Кудак дар ҷои бехатар аст ва модар ба ҳузур пайи кору бори зиндагӣ ва рӯзғор меравад.
  6. Чӯби байни гаҳвора мисли сипар кӯдакро муҳофизат мекунад, масалан аз заминҷунбӣ.
  7. Ҳангоми сел мисли қаиқ рӯ-рӯи об меравад.

Яъне, гаҳвора аз тамоми балоҳо моро нигаҳбон аст, ҷои амн аст.

Гаҳвора ҳеҷ иртиботе ба хӯю хислати ғуломӣ надорад. Ин ҳолати инсонист, ки оҳиста-оҳиста дар натиҷаи омилҳои дигар пайдо мешавад. Набояд ин хислатхои манфиро ба гардани гаҳвораи бечора бор кард. Насли памперс ун қадар иродаи мустаҳкам надорад, худро қапида наметавонад, таҳаммулпазир нест.

Аз машомам наравад одати тифлӣ ҳаргиз,
Гар ба тобут биравам, ҷунбиши гаҳвора кунам.

Маросими гаҳворабандон фақат дар миллати тоҷик аст. Яъне мо аз хурдӣ шоистаи тахту тоҷем. Зеро мо тоҷдорем!

Гаҳвора муқаддас аст. Арзишхои миллиро ҳифз бояд кард!!!

Мақолаи қаблӣВожаи тоҷик дар осори бузургон
Мақолаи баъдӣШеърхои хачви / Шеърҳои ҳаҷвӣ, таронахо