Тафсири Сураи Гофир Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 42
تَدۡعُوۡنَنِىۡ لِاَكۡفُرَ بِاللّٰهِ وَاُشۡرِكَ بِهٖ مَا لَيۡسَ لِىۡ بِهٖ عِلۡمٌ وَّاَنَا اَدۡعُوۡكُمۡ اِلَى الۡعَزِيۡزِ الۡغَفَّارِ ٤٢
Тадъунанӣ ли акфура биллаҳи ва ушрика биҳӣ ма лайса лӣ биҳӣ ъилму-в ва ана адъукум ила-л-Ъазӣзи-л-Ғаффар. 42.
42. Маро ба ин мехонед, ки ба Аллоҳ кофир шавам ва ба Ӯ чизеро шарик созам, ки маро ба он илм нест. Ва ман шуморо ба сӯи Зоти ғолиби омурзгор мехонам.
Марди муъмин ба Фиръавну Қавми саркаши ӯ мегӯяд, ки ай Қавми ман, шуморо ба сӯйи наҷот ва Биҳишти анбарсириште, ки ҷовидона вуҷуд дорад ва аз анвои неъматҳо саршор аст, даъват менамоям, шумо чаро маро ба сӯйи куфр, ки оқибат ба сӯйи Дӯзах мебарад, даъват мекунед? Ман аз ин рафтори шумо дар тааҷҷубам. Охир шумо мехоҳед ман ба Аллоҳи ягона, ки ғайри Ӯ дигар Аллоҳе нест, ширк биёрам? Ҳол он ки ман ғайри Ӯ таъоло дигар маъбудеро барҳақ намедонам ва дар бораи вай илме ҳам надорам. Яқин донед, ки ман ҷуз Худои якка ва ягона дигар ҳеҷ зотеро намепарастам. Ин шумоед, ки гумроҳ шуда, махлуқеро (чун Фиръавн) худо гуфта, мепарастед. Инсоф бидиҳед, оё кадом махлуқ Худо шуда метавонад? Ай Қавми ман, даме ба сухани ман гӯш бидиҳед, ман шуморо ба ибодати Он зоте мехонам, ки Ӯ воҳиду беҳамто аст. Мисли худои шумо, яъне Фиръавн ба худаш монанд надорад. Ӯ Зотест ғолибу тавоно, бар ҳама чиз Қодиру пирӯз ва ҳеҷ зоте бар Ӯ ғалаба карда наметавонад. Ҳар чизеро ирода кунад, касе онро гардонида ҳам наметавонад. Он Зоти барҳақ бисёр меҳрубону бахшоянда аст, метавонад гуноҳҳои бандагони Худро афв намояд. Ба умеди афв сари бандагӣ назди даргоҳи Ӯ бояд хам намуд. Барои шумо равшан намоям, ки ман дар паноҳи ҳамон Зот Қарор дорам ва шуморо ба сӯйи ибодати Ӯ даъват мекунам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «