Сураи Ғофир Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 43

لَا جَرَمَ اَنَّمَا تَدۡعُوۡنَنِىۡۤ اِلَيۡهِ لَيۡسَ لَهٗ دَعۡوَةٌ فِى الدُّنۡيَا وَلَا فِى الۡاٰخِرَةِ وَاَنَّ مَرَدَّنَاۤ اِلَى اللّٰهِ وَاَنَّ الۡمُسۡرِفِيۡنَ هُمۡ اَصۡحٰبُ النَّارِ ٤٣

Ла ҷарама аннама тадъунани илайҳи лайса лаҳу даъватун фи-д-дунйа ва ла фи-л-ахирати ва анна мараддана илаллоҳи ва анна-л-мусрифӣна ҳум асҳабу-н-нар. 43.

43. Бешубҳа, чизе, ки шумо маро ба сӯи он мехонед, дар дунё ва дар охират тавоноии Қобилияти Қабули дуъо дар ӯ нест. Ва бешубҳа, бозгашти мо ба сӯи Аллоҳ аст. Ва албатта, азҳадгузарандагон аҳли Дӯзаханд.

Дар ҳақиқат маро шумо ба сӯйи ибодати чизе мехонед, ки он асло салоҳияти ибодат карданро надорад. Бешубҳа он маъбуде, ки шумо дар назар доред, ибодату дуъову тазаррӯи бандагонро намешунавад. На дар дунё ва на дар охират аз он нафъе барои шумо нест. Ӯ имкони онро надорад, ки ба бандагон дасти ёрию кӯмак дароз намояд. Боз шумо маро ба сӯйи ибодати ҳамин гуна маъбуд мехонед. Маълуми шумо бод, ки бозгашти тамоми бандагон охируламр ба сӯйи Аллоҳи ягонаи Холиқи оламҳост. Он Зоти Қодир аст, ки бандагони худро аз рӯи амалҳояшон ҷазову мукофот бидиҳад. Аммо аз ҳад гузаштагон ва туғёнкунандагон зуд аст, ки ҳамнишину ҳамқарини Дӯзах гарданд. Пас, ҳосили ин кибру ғурурашонро он ҷо хоҳанд донист.

Фиръавн (як махлуқ) худро худо хонад ва як идда мардум ӯро чун Худо парастиш намоянд, оё аз ин дида туғёну исёни шадидтаре ҳаст? Ҳаргиз на.!


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)