Тафсири Сураи Гофир Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 44
فَسَتَذۡكُرُوۡنَ مَاۤ اَقُوۡلُ لَـكُمۡؕ وَاُفَوِّضُ اَمۡرِىۡۤ اِلَى اللّٰهِؕ اِنَّ اللّٰهَ بَصِيۡرٌۢ بِالۡعِبَادِ ٤٤
Фа сатазкуруна ма ақулу лакум. Ва уфаввиЗу амри илаллоҳ. Инналлоҳа басӣрун би-л ъибад. 44.
44. Пас, он чӣ ба шумо (ҳозир) мегӯям, ба зудӣ ба ёд хоҳед овард. Ва кори худро ба Аллоҳ месупорам, ҳаройина, Аллоҳ ба бандагони Худ биност!».
Дар оҳанги суханони ин мард ҳам ваъид аст ва ҳам таҳдид. Зеро он марди муъмин ба Қавми худ гуфт, ки шумо маро ба Қатл таҳдид мекунед, вале ман ба он Зоте, ки шуморо ба сӯйи Ӯ даъват карда истодам, паноҳ меҷӯяму танҳо бар Ӯ таваккал дорам. Фақат ва фақат Ӯст, ки аз аъмоли тамоми бандагони Худ, аз ҷумла мову шумо, бохабар аст. Ҳеҷ як амал аз мадди назари ҳамабини Ӯ пинҳон намемонад. Ман барои шумо ҳуҷҷатҳои Аллоҳ таъолоро ба итмом расонидам ва насиҳати худро батамом ба шумо арз доштам. Агар Қабул доред, ин боиси саодатмандии ин дунёву охирати шумост. Агар намепазиред, пас натиҷаи кори шуморо ба Аллоҳ месупорам. Ба зудӣ, вақто ки ба сари шумо азобҳои даҳшатнок меоянд, хоҳед донист, ки ман ба шумо рост гуфтаам. Ва хоҳед гуфт, ки он мард дар ҳақиқат ростгӯй будааст. Вале ҳайҳот, он дам ҳақиқатро дарк кардани шумо суде надорад. Модоме, ки ҳақ ҷониби ман асту ботил чониби шумост, аминам, ки Аллоҳ таъоло ёвару мададгори ман аст. Аллоҳ таъоло ҳақро дастболо ва ботилро шикасту хор мегардонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «