Сураи Ғофир Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 52

يَوۡمَ لَا يَنۡفَعُ الظّٰلِمِيۡنَ مَعۡذِرَتُهُمۡ وَلَهُمُ اللَّعۡنَةُ وَلَهُمۡ سُوۡٓءُ الدَّارِ ٥٢

Явма ла янфаъу-з-золимӣна маъзиратуҳум. Ва лаҳуму-л-лаънату ва лаҳум суу-д дар. 52.

52. Рӯзе, ки ба ситамгарон узр оварданашон нафъ надиҳад ва насиби онҳо лаънат аст ва барояшон сарои бад омода аст.

Рӯзи Қиёмат, ки онро (рӯзи шоҳидӣ додан) низ мегӯянд, ситамгарон (гунаҳкорон) хоҳ мушрик бошанд ва хоҳ кофир, ҳарчанд узр пеш оранд, нафъ надорад. Зеро онҳо аз раҳмати Аллоҳ таъоло рондашудагонанд. Дар муқобили дархости худ танҳо лаънат мешунаванд. Барои онҳо бадтарин макон омода карда шудааст, ки онро Ҷаҳаннам гӯянду бозгашти охири чунин тоифа ба сӯйи он хоҳад буд. Ҳамчунин ҷазои бадтарину сахттарин барои онҳо муҳайё карда шудааст. Ин аст оқибати гумроҳӣ.

Ояти зер барои пандгирандагон мисоли равшанеро, иншоаллоҳ, талқин мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)