Сураи Ғофир Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 56

اِنَّ الَّذِيۡنَ يُجَادِلُوۡنَ فِىۡۤ اٰيٰتِ اللّٰهِ بِغَيۡرِ سُلۡطٰنٍ اَتٰٮهُمۡۙ اِنۡ فِىۡ صُدُوۡرِهِمۡ اِلَّا كِبۡرٌ مَّا هُمۡ بِبَالِغِيۡهِؕ فَاسۡتَعِذۡ بِاللّٰهِؕ اِنَّهٗ هُوَ السَّمِيۡعُ الۡبَصِيۡرُ ٥٦

Инна-л-лазӣна юҷадилуна фи айатиллаҳи би ғайри султонин атаҳум ин фӣ судуриҳим илла кибру-м ма ҳум би балиғӣҳ. Фастаъиз биллаҳ. Иннаҳу Ҳува-с-Самӣъу-л-Басӣр. 56.

56. Албатта, ононе ки дар оятҳои Аллоҳ бе ҳуҷҷате, ки ба онҳо аз Осмон омада бошад, муҷодала мекунанд, дар сухан (дил)-ҳои онҳо ба ғайри тамаъу ҳаваси бузургӣ, ки ба он расанда нестанд, чизи дигаре нест. Пас, ба Аллоҳ паноҳ бибар, албатта, Ӯст шунавою бино.

Касоне, ки аз рӯи кибр ва ғурур зидди оятҳои Аллоҳ таъоло муҷодала (кашмакаш) мекунанд, ба онҳо ҳуҷҷате, ё далеле аз тарафи Аллоҳ таъоло наомадааст, ки дар асоси он баҳси оқилона ва одилона кунанд. Аз ин рӯ онҳо бе ягон асос зидди мавҷудияти Аллоҳ таъоло ва ягонагии Ӯ таъоло, зидди китоби илоҳӣ ва муъҷизаҳои он, зидди даъвати пайғамбарони илоҳӣ муҷодала (кашмакаш) мекунанд. Онҳо аз рӯйи ғурур бо даъвоҳои беасос мехоҳанд олимтар ва бузургтар будани худро нишон диҳанд. Локин ба ҳеҷ сурат онҳо ба мақсади ботили худ ноил намегарданд ва билохира пеши ту сари таъзим хам хоҳанд кард. Аз ин хотир ай ҳабибам (с), ба Парвардигори худ илтиҷо кун ва худро аз шарри чунин бадкорон дар паноҳи Ӯ нигоҳ дор, Аллоҳ таъоло ту (с)-ро дар ҳимояи худ нигоҳ медорад. Танҳо Аллоҳ таъоло зиёни онҳоро аз ту (с) метавонад дур созад. Албатта, Аллоҳ таъоло суханони онҳоро мешунавад, аз аҳволу мақсадҳои зоҳирию ботинии онҳо бохабар аст ва ба пуррагӣ бинандаи ҳоли онҳост.

Дар оятҳои зер Аллоҳ таъоло далелҳоеро, ки ба Қудрату ваҳдонияти Зоти покаш далолат мекунанд, баён месозад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)