Тафсири Сураи Гофир Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 74
مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ ؕ قَالُوۡا ضَلُّوۡا عَنَّا بَلْ لَّمۡ نَـكُنۡ نَّدۡعُوۡا مِنۡ قَبۡلُ شَيۡــًٔـا ؕ كَذٰلِكَ يُضِلُّ اللّٰهُ الۡكٰفِرِيۡنَ ٧٤
Мин дуниллаҳ. Қолу Заллу ъанна бал лам накун-н-надъу мин Қаблу шайа. Казалика юЗиллуллоҳу-л-кафирӣн. 74.
74. Аз ғайри Аллоҳ?». Гӯянд: «Гум шуданд аз назари мо, балки Қабл аз ин чизеро намепарастидем». Ҳамчунин Аллоҳ кофиронро гумроҳ мекунад.
Вақто ки кофирон ба Дӯзах маҳкум шаванд, дастҳои онҳоро бо кишану занҷир ба гарданҳояшон баста, ба сӯйи оби гарме кашида мешаванд, ки бо оташи Ҷаҳаннам ба ҷӯш оварда шудааст. Баъд аз ин онҳоро ба оташ сар дода, сӯзонида мешаванд. Сипас барои маломат ва дилкӯбӣ ба онҳо гуфта мешавад, ки он бутҳое, ки мепарастидеду ба Аллоҳи ягона шарик медонистед, ин лаҳза дар куҷоанд, то ба кӯмаки шумо биоянду шуморо аз ин азоби ҷонкоҳ бираҳонанд? Кофирон дар ҷавоб хоҳанд гуфт, ки ҳамаи онҳо аз назари мо ғоиб шудаанд. Мо онҳоро ин дам намебинем ва аз онҳо шафоъат ҳам намехоҳем. Гузашта аз ин, дар ҳайрату изтироб монда, ба дурӯғгӯӣ мепардозанд, ки мо ба ғайри Аллоҳ ҳеҷ чизро намепарастидем. Ҳамчунин мисли гумроҳ шудани дурӯғпиндорандагон кофиронро низ агар имон наоранд, Аллоҳ таъоло гумроҳ месозад. Чунин мазмунҳоро дар оятҳои 43-44-уми сураи “Раҳмон”, оятҳои 41 то 44 ва 51 то 56-уми сураи “Воқеъа”, оятҳои 43 то 50 сураи “Духон” вохӯрдан мумкин аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «