Сураи Ғофир Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 76

اُدۡخُلُوۡۤا اَبۡوَابَ جَهَـنَّمَ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَا ۚ فَبِئۡسَ مَثۡوَى الۡمُتَكَبِّرِيۡنَ ٧٦

Удхулу абваба Ҷаҳаннама холидӣна фӣҳа. Фа биъса масва-л мутакаббирӣн. 76.

76. Ба дарвозаҳои Дӯзах, дар ҳоле ки дар он ҷовидон бошед, дароед, пас Дӯзах чӣ бад бошишгоҳ аст барои мутакаббирон.

Ин азобҳо барои мункирону кофирон ба сабаби он раво дониста шудааст, ки онҳо ҳангоми дар Қайди ҳаёт буданашон гуноҳ содир намуда, вале онро гуноҳ надонистаанд, балки шодию хурсандӣ намуданд. Ҳамчунин ба ин хотир аст, ки аз имон овардан саркашӣ намуда, дар ҷамъ кардани мол бисёр талош варзиданд ва онро ба корҳои ғайри савоб сарф намуданд. Сабаби дигари ба азоб мубтало гардидани онҳо ин аст, ки ба ҷои тавбаву истиғфор аз амалҳои ношоистаи хеш, баръакс ифтихор карда, ба худ нозиданд. Акнун дар ин ҷо дарк намуданд, ки оқибати он шодию нишот азоби доимӣ будааст. Пас, ба онҳо гуфта мешавад, ки ай муҷримон, ҳафт дари Ҷаҳаннам барои истиқболи шумо боз аст. Ворид шавед ба ин азобгоҳ, дар ин ҷовидон боқӣ хоҳед монд, пас чӣ ҷои бад аст ин иқоматгоҳи шумо.

Дар ҳошияи “Тафсири Ҷалолайн” омада, ки гарчанде зимни ин оят кофирон зери мазаммат гирифта шудаанд, локин ҳар фарде, ки дар содир кардани гуноҳ фарохдастӣ мекунад, зери ваъиди ҳамин оят Қарор дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)