Тафсири Сураи Гофир Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 77
فَاصۡبِرۡ اِنَّ وَعۡدَ اللّٰهِ حَقٌّ ۚ فَاِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعۡضَ الَّذِىۡ نَعِدُهُمۡ اَوۡ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَاِلَيۡنَا يُرۡجَعُوۡنَ ٧٧
Фасбир инна ваъдаллоҳи ҳаққ. Фа имма нурияннака баъЗа-л-лазӣ наъидуҳум ав натаваффаяннака фа илайна юрҷаъун. 77.
77. Пас, сабр кун, батаҳқиқ, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст. Пас, агар баъзе он чӣ куффорро ваъда медиҳем, ба ту бинамоем ё агар туро бимиронем, пас, хоҳ нохоҳ кофирон ба сӯи Мо бозгардонида шаванд.
Табиист, ки агар инсоне барои роҳбарии аҳли диёре омада бошад, чун бубинад, ки Қавм на худ роҳи ҳидоятро меёбад ва на ба панду насиҳати ӯ гӯш фаро медиҳад, албатта, ин мард озор меёбаду бесаброна сари Қаҳр барои несту нобуд сохтани онҳо ба сӯйи Ӯ таъоло дуъо мекунад. Бинобар ин, Аллоҳ таъоло ба ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ай Муҳаммад (дуруд бар ту), гарчанде ин Қавми саркаши кофир туро бовар накунанд ҳам, ту сабру бардоштро аз худ нишон деҳ, зеро ваъдаи азоби Аллоҳ барои чунин шахсон, барои ёрии ту ҳақ асту рост. Барои ин Қавми саркаш имкон дорад, ки нозилшавии баъзе азобҳои ваъдашударо ҳангоми дар Қайди ҳаёт буданат бинӣ.
Ин оят оҳанги дилбардорӣ ва тасаллӣ дорад, ки Аллоҳ таъоло Расули Худ (с)-ро аз арзонӣ доштани нусрату пирӯзӣ бар душианон мужда расонид. Дар ҳақиқат ин ваъда дар ғазои (ҷанг) Бадр ва ҳангоми фатҳи Макка ва нимҷазираи Араб исботи худро ёфт. Дар он ҳангом пирӯзӣ ҷониби муъминон ва шикаст ҷониби душманони ҳабиби Худо (с) буд.
Аллоҳ таъоло дар давоми оят мефармояд, ки агар рафту вуқӯи ин азобҳои бар душманон ваъдашударо нодида, оламро падруд бигӯӣ ҳам, мутмаин бош, зеро бозгашти охири онҳо ба сӯйи мост. Он гоҳ ба онҳо азобҳои аз азоби дунё сахттар раво дида мешавад. Дар ояти зер Ӯ таъоло барои тасаллии ҳабиби Худ (с) аз рӯзгори пайғамбарони пешин мисол меорад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «