Тафсири Сураи Хадид Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 12
يَوۡمَ تَرَى الۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَالۡمُؤۡمِنٰتِ يَسۡعٰى نُوۡرُهُمۡ بَيۡنَ اَيۡدِيۡهِمۡ وَبِاَيۡمَانِهِمۡ بُشۡرٰٮكُمُ الۡيَوۡمَ جَنّٰتٌ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَاؕ ذٰلِكَ هُوَ الۡفَوۡزُ الۡعَظِيۡمُۚ ١٢
Явма тара-л-муъминӣна ва-л-муъминати ясъа нуруҳум байна айдӣҳим ва би айманиҳим бушрокуму-л явма ҷаннатун таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару холидӣна фӣҳа. залика ҳува-л-фавзу-л-ъазӣм. 12.
12. Рӯзе ки мардони муъмин ва занони муъминаро бубинӣ, ки нури онҳо пеши рӯи онҳо ва ба тарафҳои рости онҳо мешитобад, (ба онҳо гуфта мешавад): «Имрӯз шуморо мужда бод, шуморост бӯстонҳое, ки зери онҳо ҷӯйҳо мераванд, (ки) дар он ҷовидон бошанд», ин комёбии бузург аст.
Ай банда, рӯзеро, ки мардум аз маҳшаргоҳ барои гузаштан аз пули Сирот роҳ пеш мегиранду зулумоти (торикии) рӯзи маҳшар онҳоро фаро мегирад, ба ёд ор. Дар он ҷо равшание лозим аст, то аз пули Сирот гузаранд. Он гоҳ рӯйи мардони муъмину занони муъмина дурахшон шуда, нури имону натиҷаи амалҳои солеҳашон пешу тарафи рости онҳоро бо шитоб равшан месозад.
Дар давоми оят ишора барои шахсоне, ки дар дунё амали солеҳро, чуноне ки сифаташон дар ояти қаблӣ гузашт, холис барои ризои Аллоҳ анҷом доданд, гуфта мешавад: «Имрӯз шуморо хабари хушу муждаи нек. Бо фазли Аллоҳ таъоло дар ивази амалҳои солеҳу холисатон дохили Ҷаннатҳое мешавед, ки зери қасру дарахтони пурсамари онҳо ҷӯйҳои об ҷорист ва он Ҷаннатҳо мақоми доимии шумо хоҳанд буд! Ва ин аст комёбии бузург барои шумо!».
Бинобар ривояти саҳобаи киром Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нури баъзеи онҳо мисли ҷуссаи кӯҳ, баъзе чун дарахти хурмо, баъзе чун одам ва баъзеи дигар чун сари ангушт рӯшноӣ дода, ба ҳамин тариқ, онҳо барои гузаштан аз пули Сирот ҳаракат мекунанд.
Аз яке аз тобеъини бузург Қатода (р) ба мо чунин ривоят расида, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Нури баъзе аз муъминон аз Мадина то Адан мерасад, аз баъзеи дигар то Санъо, ё аз он камтар ва ҳатто нури баъзе аз муъминон то андозае аст, ки танҳо пеши пояшонро равшанӣ мекунаду халос».
Ҳамчунин муҳаддисони машҳур Ибни Ҳотам, Абӯ Дардо ва Абӯ Зар низ, дар ривоёти худ вобаста ба рӯзи қиёмат аз ҳадиси машҳур ишора кардаанд. Яъне Муҳаммад (с) фармуданд: «Ба аввалин шахсе, ки иҷозаи саҷда намудан дода мешавад, он манам ва аввалин аз саҷда сар мебардоштагӣ ҳам, манам. Ҳангоме ки сар аз саҷда мебардорам, ба пешу қафо ва чапу рости худ менигарам, дар байни дигар умматҳо уммати худро мешиносам». Яке аз ҳамнишинон чунин суол кард: «Ай пайғамбари Аллоҳ, аз Нӯҳ (а) то охир чӣ қадар уммати зиёде аз дунё гузаштааст, аз ин миён пайравони худро чӣ гуна мешиносед?». Ҳазрат гуфтанд: «Аз он аъзояшон, ки ҳангоми таҳорат кардан онҳоро мешӯянд нур медурахшад, мешиносам. Аммо дар дигар умматҳо чунин ишора нест. Ҳамчунин аз номаи аъмолашон, ки ба дасти росташон дода мешавад, онҳоро мешиносам ва монанди ин аз чеҳраи эшон нуре хориҷ мегардад, ки пеши онҳоро равшан месозад».
Дар баъзе ривоятҳо омада, ки аз он ҷойҳои муъминон, ки ба ҳангоми саҷда карданашон ба Замин мерасанд, ба мисли пешонӣ, кафи даст ва сари зону нур медурахшад. Хуш бод ба ҳоли шахсе, ки аз ӯ нур хориҷ шаваду Пайғамбар (с) уммати ман гуфта, ӯро дар он рӯзи ҷонгудоз шиносанд.
Замахшарӣ гӯяд: «Аз пешу дасти рост будани нури мӯъминон чунин маъно дорад, ки номаи аъмоли муъминони саодатманду наҷотёфта аз ҳамин ду ҷиҳат дода мешавад». Оятҳои зер аҳволи мунофиқонро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «