Сураи Ҳадид Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 11

مَنۡ ذَا الَّذِىۡ يُقۡرِضُ اللّٰهَ قَرۡضًا حَسَنًا فَيُضٰعِفَهٗ لَهٗ وَلَهٗۤ اَجۡرٌ كَرِيۡمٌ ١١

Манза-л-лазӣ юқриЗуллоҳа қарЗан ҳасанан фа юЗаъифаҳу лаҳу ва лаҳу аҷрун карӣм. 11.

11. Кист он, ки Аллоҳро қарз диҳад, қарз додани некӯ? Пас, онро барои ӯ дучанд мекунад ва барои ӯ савоби бузург бошад?

Яъне касе, ки моли худро барои ризои Ӯ таъоло харҷ намояд, Аллоҳ таъоло чандин дараҷа аз харҷи кардааш ба ӯ аҷру савоби афзунтар медиҳад. Ҳамчунин дар баробари аҷру савоб боз Ҷаннатро насибаш мегардонад.

Дар ривоят омада, ки чун ин оят нозил шуд, саҳобае буд ба номи Абӯ Даҳдоҳи Ансорӣ, ӯ гуфт: «Ай расули Аллоҳ Худованд аз ман қарз мехоҳад?». Расулуллоҳ (с) гуфт: «Бале, ай Абӯ Даҳдоҳ!». Пас Абӯ Даҳдоҳ гуфт: «Дасти худро ба ман деҳ». Пас дасти ҳабиби Аллоҳ (с)-ро гирифта, суханашро идома дод: «Ман девораи (бӯстони хурмозори) худро ба Парвардигори хеш қарз додам». Баъд ба тарафи боғи худ равон шуд. Дар ҳамин асно дар бӯстони 600 бехаи ӯ модару аҳли байташ машғули коре буданд. Ба онҳо нидо карда гуфт: «Ай модари Абӯ Даҳдоҳ!». Модар гуфт: «Лаббайк». Писараш гуфт: «Аз ин боғ берун биё, ки ман онро ба Парвардигори худ қарз додам». Модар гуфт: «Нафъовар шавад савдои ту ё Абӯ Даҳдоҳ!». Пас Абӯ Даҳдоҳ модар ва аҳли байти худро аз он боғ берун оварду онро ба волии вақфнигоҳдор супурд. Ин аст рафтори холӣ аз риё. Аллоҳ таъоло ҳамаи моро дар қатори чунин бандагонаш гардонад.

Уламо барои қарз додану қабул гардидани онҳо риояи даҳ шартро муайян намудаанд:

1. Нияти садақакунанда пок бошад;

2. Садақа орӣ аз риё, ғараз ва барои ризои Аллоҳ таъоло бошад;

3. Он аз моли ҳалол бошад;

4. Он аз моли бесифат набошад;

5. Дар ҷои муҳим бояд сарф гардад;

6. То ҷое имкон дорад, садақаро пинҳон диҳад;

7. Ҳаргиз миннат накунад;

8. Бисёр бошад ҳам, онро кам шуморад;

9. Садақа аз навъи моле диҳад, ки худ онро дӯст медорад;

10. Ба додани садақа худро сарватманду садақагирро фақир машуморад.

Маълум аст, ки асҳоби киром чун мазмуни оятеро мешуниданд, барои мувофиқи он амал намудан ҷаҳду талош меварзиданд.

Акнун меоем ба давоми қиссаи Абӯ Даҳдоҳ. Чун ӯ гуфт, ки ман ин боғро ба Парвардигори худ қарз додам, ба ривояте аёлаш гуфт: «Даромади савдои кардаат бисёр гардад!». Пас ба зудӣ онҳо аз боғ баромада рафтанд.

Бародарону хоҳарони азиз, бубинед ба ин рафтори Абӯ Даҳдоҳ на модар ва на аёли ӯ изҳори норозигӣ накарданд. Ин барои мо ва бонувони азизи мо намунаи ибрат аст. Кори хайреро, ки сарвари хона мекунад, ҳамсараш набояд дилтанг шавад, балки баръакс бояд дасти ёрӣ дароз намояд, то ӯ низ, дар савоби он шарик гардад.

Дар ояти фавқ аз хайру эҳсону нафақа ва дар ивази онҳо подошу мукофот муқаррар гашту сухан рафт. Аммо баландтарин дараҷаи подош дар ояти зерин зикр мегардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)