Сураи Ҳадид Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 27

ثُمَّ قَفَّيۡنَا عَلٰٓى اٰثَارِهِمۡ بِرُسُلِنَا وَقَفَّيۡنَا بِعِيۡسَى ابۡنِ مَرۡيَمَ وَاٰتَيۡنٰهُ الۡاِنۡجِيۡلَ وَجَعَلۡنَا فِىۡ قُلُوۡبِ الَّذِيۡنَ اتَّبَعُوۡهُ رَاۡفَةً وَّرَحۡمَةً ؕ وَرَهۡبَانِيَّةَ اۨبۡتَدَعُوۡهَا مَا كَتَبۡنٰهَا عَلَيۡهِمۡ اِلَّا ابۡتِغَآءَ رِضۡوَانِ اللّٰهِ فَمَا رَعَوۡهَا حَقَّ رِعَايَتِهَا‌ ۚ فَاٰتَيۡنَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا مِنۡهُمۡ اَجۡرَهُمۡ‌ۚ وَكَثِيۡرٌ مِّنۡهُمۡ فٰسِقُوۡنَ ٢٧

Сумма қаффайна ъала асариҳим би русулина ва қаффайна би Ъӣсабни Маряма ва атайаҳу-л-Инҷӣла ва ҷаъална фӣ қулуби-л-лазӣна-т-табаъуҳу раъфата-в ва раҳмата-в ва раҳбанийятан-ибтадаъуҳа ма катабнаҳа ъалайҳим иллабтиғоа риЗванилаҳи фа ма раъавҳа ҳаққа риъаятиҳа. Фа атайна-л-лазӣна аману минҳум аҷраҳум. Ва касӣру-м минҳум фасиқун. 27.

27. Баъд аз пою қадамҳои онҳо пайғамбарони Худро фиристодем ва Исо писари Марямро аз пайи онҳо фиристодем ва ӯро «Инҷил» додем ва дар дилҳои пайравони ӯ нармӣ ва меҳрубонӣ ва тарки дунёро ниҳодем. Ва Мо раҳбониятеро, ки онҳо нав пайдо карда буданд, бар онҳо фарз нагардонида будем, лекин барои хушнудии Аллоҳ онро худашон ихтироъ карданд. Пас, онро, чуноне ки ҳаққи риояи он буд, риоя накарданд. Пас, ононеро ки имон оварданд, подошашонро додем ва бисёре аз онҳо фармонбардор нестанд.

Аллоҳ таъоло мефармояд, ки баъди Нӯҳ (а) ва Иброҳим (а) тобеъи ин расулони гиромиқадр расуле, аз ҷумла Мӯсо, Илёс, Довуд, Сулаймон, Юнус (а) ва дигаронро фиристодем. Баъд аз онҳо охирин набийи бани Исроил ҳазрати Исо (а)-ро фиристодем ва барои пеш бурдани аҳкоми шариъати давру замон ба ӯ Инҷилро нозил кардем, ки дар он ҳатто аз омадани ҳазрати Муҳаммад (с) башорат дода шуда буд. Тобеъони Исо (а)-ро «ҳавориййин» гӯянд.

Вақто ки онҳо ба Исо (а) имон оварданду тобеъи ӯ (а) шуданд, Аллоҳ таъоло дар дили онҳо эътиқоду муҳаббати нармро қарор дод; Баъзе аз онҳо ва силсилаи онҳо бар имону аҳди худ бардавом то охир собит монданд, некбахтона, ба Муҳаммад (с) низ имон оварданд, тобеъи ӯ (с) шуданду савоби дучанд ваъдашударо соҳиб шуданд. Вале бисёре аз насоро фосиқ шуданд, аз ҳудуду тоати Аллоҳ таъоло берун рафтанд; Мардумро бо роҳҳои ботил фиреб дода, аз роҳи рост манъ намуданд. Баъзе аз онҳо гӯё ризои Аллоҳро дармеёбем гуфта, аз назди худ бидъат (раҳбонияте)-ро, ки асл надораду мухолифи фитрати инсон аст, ихтироъ намуданд. Аммо тавре ки бар худашон лозим донистанд, боз ҳам риояву амал карда натавонистанд.

Роҳиб тарккардаи дунё ва шаҳватро гӯянд. Ба забони русӣ онҳоро «монах» хонанд. Монах ва монашка (зани роҳиба) аз дунё ва кори он дасту дил шуста, дар «манастир» иқомат мекунанд. Қуръони карим мисли пайравони Исо (а) роҳиб шуданро, ки ба табиъату фитраи инсон зид аст, манъ намудааст. Ин яке аз муъҷизаҳои Қуръони азимушшаън мебошад, ки аз ин амал ба мо хабар додааст. Агар ба таърихи қадим назар андозем, дар миёни масеҳиёни он давру замон роҳибӣ вуҷуд надоштааст. Раҳбоният дар асри чаҳоруми милодӣ дар Миср ба вуҷуд омадааст. Соли 350-уми милодӣ Антон ном марди мисрӣ аввалин шуда равиши роҳибонро ибтидо гузошт. Антон аз намуди либосҳои онҳои, ки дар замони Фиръавн тарки дунё мекарданд барои худ нусха гирифт. Антон бошад, аз матоъи рангаш сафед мепӯшид ва ӯ аз роҳибон талаб мекард, ки ибодат кунанд, фақирона ҳаёт ба сар баранд ва ба меҳнати ҳалол машғул гарданд. Низоми монастирҳои ҳозираро бошад, Бахум ном шахс эҷод карда, қонуну қоидаашро муайян намуд, ки то ҳозир зоҳиран амал мекунад. Бо мақсади пайдо кардани ризоияти Аллоҳ насоро чунин ибодати ихтироиро ба роҳ мондаанд. Локин бо гузаштани вақт ҳар гуна падидаҳои номатлуб шомили ин равия гардид. Яъне онҳо роҳибиятро ихтироъ карданд ва боз худ онро ба ҷо оварда натавониста, аввалин шуда, қоидаҳои онро вайрон намуданд. Зеро ин қонун ба табиати инсон зид аст. Дар бораи амалҳои хабисаи ин тарки дунёкардаҳо (роҳибон) навиштаҳои зиёде мавҷуд аст.

 

Шартҳои роҳибият тарки дунё намудан, аз одат зиёд ибодат кардан, аз дунё дил шустан, аз омма дур будан, либосҳои камэътибор пӯшидан, оиладор нашудан ва танҳо ба хӯрдани сабзавот қаноат намудан буд, ки онро ба ҷо оварда натавонистанд. Дар зоҳир «манаху манашка» буданду ҳастанд, вале дар ботин байнашон шармандагии бисёре рух медиҳад.

Дар ин маврид солҳои охир дар васоити ахбори омма навиштаҳо зиёд ба чашм мехӯрад.

Баъд аз ин Қуръон ба муъминон хитоб карда мегӯяд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)