Тафсири Сураи Хадид Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 26
وَلَقَدۡ اَرۡسَلۡنَا نُوۡحًا وَّ اِبۡرٰهِيۡمَ وَجَعَلۡنَا فِىۡ ذُرِّيَّتِهِمَا النُّبُوَّةَ وَالۡـكِتٰبَ فَمِنۡهُمۡ مُّهۡتَدٍۚ وَكَثِيۡرٌ مِّنۡهُمۡ فٰسِقُوۡنَ ٢٦
Ва лақад арсална Нуҳа-в ва Иброҳӣма ва ҷаъална фӣ зуррийятиҳима-н-нубуввата ва-л-китаб. Фа минҳум-м муҳтад. Ва касӣру-м минҳум фасиқун. 26.
26. Ва батаҳқиқ, Нӯҳ ва Иброҳимро фиристодем ва дар авлоди ҳар дуи он пайғамбарӣ ва Китобро ниҳодем, пас баъзе аз зуррияи онҳо роҳёфтагонанд ва бисёре аз онҳо фармонбардор нестанд.
Шояд «лом» ҳарфи қасам бошад. Агар чунин аст, пас маънояш чунин мешавад: «Қасам ба Аллоҳ!». Агар «лом»-и таъкид бошад, маънояш чунин мешавад: Дар ҳақиқат нахуст аз пайғамбарон шайхул анбиё Нӯҳ (а)-ро ва баъди ӯ абуланбиё Иброҳим (а)-ро, ки сарсилсилаи расулони ҳақ буданд, шурӯъ кардем ва ин дуро ба сифати пайғамбарӣ фиристодем ва сулолаи пайғамбарони баъди онҳоро аз авлоди ҳамин ду ба пайғамбарӣ мушарраф намудем ва китобҳои осмониро низ, дар ҳамин пайғамбарони авлодӣ қарор додем. Ҳеҷ расул ва ҳеҷ набиеро аз ғайри авлоди ин ду интихоб накардаем. Аз ҷумла чаҳор пайғамбари соҳиби китоб, яъне Мӯсо, Исо, Довуд (а) ва Муҳаммад (с) ҳам, аз ҳамин авлоданд. Онҳо аз сулолаи ҳазрати Иброҳим (а) буда ва ӯ аз зуррияи Нӯҳ (а) аст. Бинобар ин, агар тамоми пайғамбаронро ба ин ду авлод нисбат диҳем, саҳв нахоҳем кард. Ҳатто охирин набийи бани Исроил ҳазрати Исо ибни Марям (а) буд, ки қавмашро ба омадани пайғамбари баъдӣ бо номи Аҳмад башорат дод. (Салоту саломи Худо ба тамоми пайғамбарон).
Давоми оят хабар медиҳад, ки пас аз зуррияи Нӯҳ (а) ва Иброҳим (а) мардуме баромад, ки онҳо ба роҳи дуруст ҳидоят ёфтанд, аммо афсӯс ҳамагӣ аз ин мероси бузурги Худовандӣ баҳра нагирифтанду ағлаби онҳо фосиқу гунаҳкор гардиданд.
Ояти навбатӣ хабари пайғамбарии ҳазрати Исо (а)-ро медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «