Тафсири Сураи Хадид Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 29
لِّـئَلَّا يَعۡلَمَ اَهۡلُ الۡكِتٰبِ اَلَّا يَقۡدِرُوۡنَ عَلٰى شَىۡءٍ مِّنۡ فَضۡلِ اللّٰهِ وَاَنَّ الۡفَضۡلَ بِيَدِ اللّٰهِ يُؤۡتِيۡهِ مَنۡ يَّشَآءُ ؕ وَاللّٰهُ ذُوۡ الۡفَضۡلِ الۡعَظِيۡمِ ٢٩
Ли алла яълама аҳлу-л китаби алла яқдируна ъала шай-им мин фаЗлиллаҳи ва анна-л-фаЗла би ядиллаҳи юътӣҳи ма-н яшаъ. Валлоҳу зу-л-фаЗли-л-Ъазӣм. 29.
29. То аҳли Китоб бидонанд, ки бар чизе аз фазли Аллоҳ қудрат надоранд ва албатта, фазл ба яди Аллоҳ аст, ба ҳар кӣ хоҳад онро медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазли бузург аст.
Ояти мазкур посухи Аҳли Китоб аст, ки онҳо мегуфтанд: «Касоне, ки аз Аҳли Китобанду ба Муҳаммад (с) имон овардаанд, тибқи ақидаи мусалмонон дучанд подошро соҳибанд. Мо, ки ба ӯ имон наовардаем, монанди дигар мусалмонон дорои як подошем». Бинобар ин, Қуръони карим ба онҳо посух мегӯяд, ки мусалмонон умуман дорои ду подошанд, зеро онҳо ба пайғамбари охирзамон ва инчунин ба тамоми пайғамбарони гузашта имон овардаанд. Он гурӯҳе, ки аҳли китобанду ба пайғамбари охирзамон имон наовардаанд, гӯё ба ҳеҷ пайғамбаре имон наовардаанд. Бинобар ин, ҳеҷ подошеро соҳиб нестанд. Аҳли Китоб чунин ақида доштанд, ки нисбат ба дигарон ба Аллоҳ наздиктаранд, дӯстони Аллоҳанд ва шахсоне ҳастанд, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розӣ аст. Шояд замоне чунин мавқеъ доштанд, локин онҳо бояд бидонанд, ки агар фазлу марҳамати илоҳиро танҳо ба худ тахсис медода бошанд, ба ин кор қодир нестанд. Баъди омадани пайғамбари охирзамон ҳеҷ гоҳ онҳо ҳуқуқ надоранд ва набояд даъво кунанд, ки кулли пайғамбарон аз бани Исроил ва ваҳйи илоҳию китобҳои осмонӣ танҳо ба сӯи онҳо меомада бошад. Аллоҳ таъоло ин пиндори эшонро рад намуда мегӯяд, ки фазлу амри нубуввату ҳидоят ва имон дар қудрати Раҳмон аст. Касеро Ӯ таъоло хоҳад, қатъи назар аз ин ки ба кадом қабила мансуб аст, аз фазлу марҳамати Худ бонасиб мегардонад. Бигзор, ӯ аз бани Исроил набошаду араб бошад. Зеро фазли Аллоҳи меҳрубон фароху эҳсонаш бузург аст.
Хонандаи мухлис, фишурдаи ҳадисеро пешкаши шумо мегардонем, ки мақсади ду ояти охирро тақвият мебахшад:
Дар «Саҳеҳи»-и Бухорӣ омадааст, ки пайғамбари Аллоҳ марҳамат карда, ба асҳоби худ фармуданд: Мисоли шумо мусалмонон ва яҳуду насоро ба мисли он аст, ки марде ба қавме гуфт: «Агар шумо ин амалро анҷом бидиҳед, барои шумо аҷр дода мешавад». Пас, эшон шурӯъ карданд ба иҷрои амал то нисфи рӯз ва гуфтанд: «Бас, мо дигар амал намекунем ва аҷри ту ҳам, ба мо лозим нест». Он мард ба онҳо гуфт: «Ин тавр накунед, амалро ба ҷо биёред ва аҷри ваъдашударо соҳиб шавед». Онҳо ҳамчунин гарданкашӣ намуданд. Он мард ба қавми дигаре машварат намуд, ки агар шумо баъди нисфи рӯз ҳам бошад, амали пешиниёнро давом дода, ба итмом расонед, аҷратон аз аввали рӯз шуморида, бароятон дода мешавад. Пас, ба кор пардохтанд, ҳатто ки салоти аср фаро расид, онҳо аз амал даст кашида, гуфтанд, ки ҳамин қадар кифоя, дигар мо машғул намешавем ва музду аҷраш аз они худат. Он мард гуфт: «Ин тавр накунед, каме аз рӯз мондааст, амали худро шумо пурра созед!». Онҳо гуфтанд: «Мо дигар амал намекунем ва музду аҷраш ҳам, ба мо лозим нест!». Сипас он мард гурӯҳи дигарро ба иҷора гирифт ва онҳо амали нопурраи он ду қавми қаблиро то ғуруби Офтоб ба пуррагӣ ба анҷом расониданд…
Монанди ҳамин яҳуду насоро агар ба пайғамбарони замони худ содиқ будаву шариъати онҳоро риоя карда, сипас ба омадани пайғамбари охируззамон ба шариъати эъломдоштаи вай гаравиданду ба ӯ (с) имон оварданд, ду кифл (ҳисса) аҷру савоб мегиранд. Агар чунин нест, пас савоберо соҳиб нахоҳанд гашт. Яҳуду насоро яқин бидонанд, ки то ба Қуръону ҷамиъи пайғамбарон имон наоранд ва дар охир ба шариъати ғуррои Муҳаммадия амал накунанд, онҳо аз тамоми ваъдаҳои илоҳӣ маҳруманд. Агар Қуръонро чун китоби осмонӣ эътироф намоянд, тибқи роҳу равиши фармудаи он худро ва амали худро мутобиқу мувофиқ насозанд, аз тамоми подошҳои нек дар рӯзи қиёмат маҳруманд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Қуръонро Аллоҳ таъоло нозил кард ва то рӯзи қиёмат ҳифзи онро ба уҳдаи худ гирифт ва ҳеҷ гоҳ мавриди тағйиру ислоҳ ва табдилу таҳриф қарор намегирад. Агар тағйирот даровардан имкон медошт, кайҳо бадхоҳони Ислом ба он бо табъи дили худ тағйирот медароварданд.
Модоме ки тӯли зиёда аз чаҳордаҳ қарн Қуръон тағйире надид, маълум мешавад, ки он як китоби инсонсозу сарнавиштсоз буда, башарро зарур аст бо нури он зиндагии пуршебу фарози худро ва зулумоти рӯзи қиёматро аз миён бибаранд. Яъне Қуръонро дастури зиндагии хеш қарор дода, маъбуди худ, яъне Парвардигори яктову беҳамторо бе шарик ва бидуни шакку шубҳа ибодат намоянд. Рост сухангӯй аст Аллоҳи бузург.
Поёни сураи «Ҳадид» Ва лиллаҳил ҳамд.