Тафсири Сураи Хадид Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 7
اٰمِنُوۡا بِاللّٰهِ وَرَسُوۡلِهٖ وَاَنۡفِقُوۡا مِمَّا جَعَلَـكُمۡ مُّسۡتَخۡلَفِيۡنَ فِيۡهِؕ فَالَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا مِنۡكُمۡ وَاَنۡفَقُوۡا لَهُمۡ اَجۡرٌ كَبِيۡرٌ ٧
Омину биллаҳи ва расулиҳӣ ва анфиқу мимма ҷаъалакум-м мустахлафӣна фӣҳ. Фа-л-лазӣна оману минкум ва анфақу лаҳум аҷрун кабӣр. 7.
7. Ба Аллоҳ ва ба расули Ӯ имон оред ва аз он чӣ, ки ба дасти шумо додаасту шуморо дар он ноиби дигарон гардонидааст, харҷ кунед. Пас, касоне ки аз шумо имон оварданд ва харҷ карданд, онҳоро савоби бузург аст.
Ин оят як даъвати ом аст. Хитоби Аллоҳ таъоло дар ин оят шомили тамоми инсонҳост. Муъминонро ба имони комилтар ва росихтар ва ғайри муъминонро ба асли имон даъват намуда мефармояд, ки ба ягонагии Худои беҳамто ва ба Расули Ӯ таъоло имон биёранд. Имон овардан барои қабули амалҳо як шарти зарурӣ аст. Албатта, имони шахси имондор аз шунидани ин оят қавитар мегардад. Зеро инсон ба чунин ёдрасонӣ муҳтоҷ аст. Дар давоми оят омада, ки соҳиби аслии моли дар дасти шумо буда Аллоҳ таъолост. Шумо танҳо амонатдору хазинадори Парвардигор ҳастед. Шумо фикр кунед, ки чанде пеш ин мол дар дасти пешиниён буд ва шумо халифаи (ҷойнишини) онҳо гаштеду он мол ба дасти шумо расид ва аз дасти шумо ҳам, ба ояндагон, ки халифаҳои шумо ҳастанд, мерасад. Маълум гашт, ки абадӣ бо молҳои худ боқӣ намемонед. Ҳама ба ҷуз Ӯ таъоло муваққатӣ ва фаношаванда аст. Бинобар ин, беҳтар он аст, ки ба дунё ва моли дунё дил мабандед ва моли хешро сарфи роҳи ризоии Аллоҳ созед. Барои касоне, ки имон оварданду баҳри ризоии Аллоҳ таъоло аз моли худ харҷ намуданд, подоши азим аст.
Баъди даъват ба имону дар роҳи Аллоҳ садақа додан, Ӯ таъоло ба кофирон хитоб намуда гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «