Тафсири Сураи Хадид Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 9
هُوَ الَّذِىۡ يُنَزِّلُ عَلٰى عَبۡدِهٖۤ اٰيٰتٍۭ بَيِّنٰتٍ لِّيُخۡرِجَكُمۡ مِّنَ الظُّلُمٰتِ اِلَى النُّوۡرِؕ وَاِنَّ اللّٰهَ بِكُمۡ لَرَءُوۡفٌ رَّحِيۡمٌ ٩
Ҳува-л-лазӣ юназзилу ъала ъабдиҳи айатин баййинати-л лиюхриҷакум-м мина-з зулумати ила-н-нур. Ва инналлоҳа бикум ла-Рауфу-р Раҳӣм. 9.
9. Ӯст Он Зоте, ки бар бандаи Худ оёти возеҳро фуруд фиристод, то шуморо аз торикиҳо(-и ҷаҳл) ба сӯи равшани(-и имон) берун орад ва батаҳқиқ, Аллоҳ ба шумо нармгирандаву меҳрубон аст.
Аллоҳ таъоло чунин Зотест, ки ба ҳабиби Худ Муҳаммад (с) барои аз зулумоти ҷоҳилият раҳонидани инсонҳо Қуръони каримро, ки он равшану возеҳ аст, нозил кард. Албатта, ин барои бандагони Худ шафқату меҳрубонии Аллоҳ таъолост, зеро барои ҳидояти онҳо ин китоби бузургро фиристод. Бо ибораи дигар агар Аллоҳ таъоло ирода мекард, ҳол он ки Ӯ таъоло бар ҳама кор қодир аст, бандагони Худро дар ҷаҳолат ҳамчунон боқӣ мегузошт ва ҳалокашон месохт. Ё агар мехост, баъди имон овардан ҳам, гуноҳҳоеро ки пеш аз имон оварданашон содир карда буданд афв намекард. Локин афв кард. Аллоҳ таъоло рауфу раҳим аст, бо нармгирӣ ва бо меҳрубонии Худ ба Расули Худ (с) Қуръони каримро, ки оятҳояш барои ҳидояти мардум ҳамчун Офтоб зоҳиранд, нозил намуд, то инсонҳо битавонанд худро аз торикиҳои ҷаҳолат раҳонанд ва инчунин худро ба равшании имони ростин расонанд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «