Маънои муроъоти хилоф риоя кардан ва дар назар гирифтани ихтилофи уламост ва мурод аз он ду чиз аст:
1-Иҷтиноб кардан аз амале, ки уламои маъруфи аҳли суннат дар макруҳ ё ҳаром буданаш ихтилоф кардаанд. Бо овардани чанд мисол мавзӯъро равшан мекунем:
1-Никоҳи ба шарти ҳалола аз дидгоҳи ҷумҳури уламо ҳаром ва ботил аст ва аз дидгоҳи Имом Абуҳанифа макруҳи таҳримӣ ва ҷоиз аст. Дар чунин сурат барои ҳанафимазҳаб аз никоҳи ҳалола аз ҷиҳати муроъоти хилофи ҷумҳури уламо сарфи назар кардан мустаҳаб аст.
2-Аз дидгоҳи моликимазҳабон хурдани тамоми анвоъи ҳашароте, ки барои инсон хурданашон зарар намекунад, амсоли мор, муш, қурбоқа ва ғайра ҳалол аст, валекин аз дидгоҳи ҳанафимазҳабон ба сабаби аз ҷумлаи хабоис буданашон ҳаром мебошанд. Дар чунин сурат барои моликимазҳабон аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Абуҳанифа дар ҳаром будани ҳашарот, нахурдани ҳашарот мустаҳаб аст.
3-Аз дидгоҳи Имом Шофеъӣ хурдани гушти гурги кафтор ҳалол аст, валекин аз дидгоҳи Имом Абуҳанифа ҳаром мебошад. Дар чунин сурат барои шофеъимазҳабон аз ҷиҳати риояи хилофи Имом Абуҳанифа нахурдани гушти гурги кафтор мустаҳаб аст.
4-Аз дидгоҳи Имом Абуҳанифа нушидани он шароби хурмо, ки масткунанда намебошад ҳалол ва аз дидгоҳи Имом Шофеъӣ ҳаром аст. Барои ҳанафимазҳабон аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ нанушидани шароби хурмо мустаҳаб аст.
5- Иқтидо кардани шахси намози фарзгузор аз пушти имоми намози нафлгузор аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо, яъне ҳанафиҳо, моликиҳо ва ҳанбалиҳо дуруст нест, вале аз дидгоҳи шофеъиҳо дуруст мешавад. Дар чунин сурат барои шофеимазҳабон аз ҷиҳати муроъоти хилофи ҷумҳури уламо мустаҳаб аст, ки аз пушти шахси намози нафлгузоранда нияти гузоридани намози фарзро накунад.
2-Анҷом додани амалест, ки уламои муътабари аҳли суннат дар фарз ё воҷиб ва ё суннат буданаш ихтилофи назар доранд. Дар ин мавзӯъ чанд мисол меорем:
1-Аз дидгоҳи Имом Абуҳанифа намози витр воҷиб аз дидгоҳи моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо мустаҳаб аст. Дар чунин сурат барои моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо мустаҳаб аст, ки аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Абуҳанифа бар гузоридани намози витр мудовамат бикунанд.
2- Аз дидгоҳи Имом Шофеъӣ хондани сураи “Алҳамд” дар намози чаноза фарз ва аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ хонданаш ҳамчун сано ба ҷои субҳонакаллоҳумма ҷоиз мебошад. Дар чунин сурат барои муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ барои ҳанафиён хондани сураи “Алҳамд” дар намози ҷаноза мустаҳаб аст.
3-Аз дидгоҳи Имом Абуҳанифа ҳукми қаср хондани намозҳои чаҳорракаъата дар сафар воҷиб ва аз дидгоҳи шофеъимазҳабон ҳукмаш ҷоиз аст. Барои шофеъимазҳабон аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Абуҳанифа қаср хондан дар сафар мустаҳаб аст.
4- Аз дидгоҳи Имом Молик бо об шакидани узвҳои дар вузӯ шусташаванда фарз ва аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ суннат ё мустаҳаб аст. Аз ҷиҳати риояи хилофи Имом Молик барои ҳанафимазҳабон мудовамат бар шакидани аъзоҳои дар вузӯ шусташаванда мустаҳаб аст.
5- Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ садақаи фитр бар мискинон ва фақирон воҷиб нест валекин аз дидгоҳи Имом Шофеъӣ воҷиб аст. Барои риъояи хилофи Имом Шофеъӣ барои ҳанафимазҳабони мискину фақир пардохтани садақаи фитр мустаҳаб мебошад.
Бунёди масъалаи муроъоти хилоф бар ин аст, ки имомони чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат муҷтаҳидони шариъат мебошанд, ки дар масъалаҳои иҷтиҳодии дар Қуръон ва Суннат омада таҳқиқ менамоянд ва натиҷаи иҷтиҳоди худро, ки ҳукми он масъала аст, баён мекунанд.
Ин чаҳор имомони маъруф ва ғайри онҳо чун дар иҷтиҳодашон маъсум ва бехато намебошанд, дар ҳамин асос ҳукми баровардаи ҳар яке аз онҳо эҳтимоли дуруст ё хато буданро дорад.
Ин мавзӯъро Имом Абулбаракоти Насафӣ дар китобаш “Алмусаффо” шарҳи манзумаи Имом Абуҳафси Насафӣ чунин баён кардааст:
“قال الامام عبد الله بن أحمد بن محمود النسفي:إذَا سُئِلْنَا عَنْ مَذْهَبِنَا وَمَذْهَبِ مُخَالِفِينَا فِي الْفُرُوعِ ،يَجِبُ عَلَيْنَا أَنْ نُجِيبَ بِأَنَّ مَذْهَبَنَا صَوَابٌ يَحْتَمِلُ الْخَطَأَ وَمَذْهَبَ مُخَالِفِينَا خَطَأٌ يَحْتَمِلُ الصَّوَابَ ؛لِأَنَّك لَوْ قَطَعْت الْقَوْلَ لِمَا صَحَّ قَوْلُنَا إنَّ الْمُجْتَهِدَ يُخْطِئُ وَيُصِيبُ”. (كذا في الأشباه والنظائر لابن نجيم:1 / 381 نقلا عن الْمُصَفَّى للنسفي”. وفي الأعلام للزركلي – 4 / 67: النَّسَفي (000 – 710 هـ = 000 – 1310 م) عبد الله بن أحمد بن محمود النسفي، أبو البركات، حافظ الدين: فقيه حنفي، مفسر، من أهل إيذج (من كور أصبهان) ووفاته فيها. نسبته إلى ” نسف ” ببلاد السند، بين جيحون وسمرقند. له مصنفات جليلة، منها ” مدارك التنزيل – ط ” ثلاثة مجلدات، في تفسير القرآن، و” كنز الدقائق- ط ” في الفقه، و” المنار- ط ” في أصول الفقه و” كشف الأسرار – ط ” شرح المنار، و ” الوافي – خ ” في الفروع، و ” الكافي – خ ” في شرح الوافي، و ” المصفى – خ ” في شرح منظومة أبي حفص النسفي، في الخلاف، و ” عمدة العقائد – خ “).
“Ҳар вақто аз мо дар мавриди мазҳабамон ва мазҳаби мухолифамон дар фуруъ, яъне масъалаҳои иҷтиҳодӣ ва амалӣ пурсида шавад, бар мо воҷиб аст, ки чунин бигӯем: Мазҳаби мо, яъне фатвои мазҳаби ҳанафиҳо савоб аст, вале эҳтимоли хаторо дорад ва фатвои мазҳаби мухолифамон, яъне моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо аз дидгоҳи мо хатост, вале эҳтимолии дуруст буданро дорад. Зеро агар мо эҳтимоли хаторо (дар масъалаҳои иҷтиҳодии) мазҳабамон эътироф накунем, ақидаи мо нисбат ба муҷтаҳидон, ки мегӯем; “Муҷтаҳид гоҳе ба ҳақ мерасад ва гоҳе хато мекунад” дуруст намешавад”. Дар асли худ муроъоти хилоф қоида ва қонуни маъмул дар мазҳаби моликист, вале уламои се мазҳаби дигар низ онро истифода мебаранд.
Дар инҷо чанд мисоле аз китобҳои фиқҳи ҳанафӣ зикр мекунем:
1- Аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо, яъне ҳанафиҳо, моликиҳо ва шофеъиҳо хурдани гушти шутур таҳоратро намешиканад ва аз дидгоҳи ҳанбалиҳо мешиканад. Барои муроъоти хилофи Имом Аҳмад уламои ҳанафӣ таҳорат кардан баъд аз хурдани гушти шутурро мустаҳаб гуфтаанд. Дар китоби “Дурари ҳукком” дар ин мавзӯъ чунин гуфтааст:
“و قال محمد بن فرامرز بن علي الشهير بملا خسرو (المتوفى: 885هـ) في “درر الحكام شرح غررالأحكام” -1/ 12- وَمَنْدُوبٌ لِلنَّوْمِ عَلَى طَهَارَةٍ…وَأَكْلِ جَزُورٍ لِلْخُرُوجِ مِنْ خِلَافِ الْعُلَمَاءِ…”.
“Вузӯ гирифтан барои бо таҳорат хоб кардан ….ва баъди хурдани гушти шутур, аз ҷиҳати муроъоти хилофи уламо мустаҳаб аст”.
2-Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ва моликӣ дар намози ҷаноза сураи “Алҳамд”-ро хонда намешавад ва аз дидгоҳи уламои мазҳаби Шофеъӣ ва ҳанбалӣ намози ҷаноза бидуни хондани сураи “Алҳамд” дуруст намешавад.
Аз ҷиҳати муроъоти хилофи уламои шофеъӣ ва ҳанбалӣ баъзе уламои ҳанафӣ ба хондани сураи “Фотиҳа” дар намози ҷаноза назар додаанд.
Ҳасани Шурунбулолӣ дар ҳошияааш бар “Дурари ҳукком” чунин мегӯяд:
“وفي حاشية الشرنبلالي على درر الحكام شرح غرر الأحكام – 1 / 163: وَقَالَ فِي الْوَلْوَالِجيَّةِ إنْ قَرَأَ الْفَاتِحَةَ بِنِيَّةِ الدُّعَاءِ لَا بَأْسَ بِهِ، وَإِنْ قَرَأَهَا بِنِيَّةِ الْقِرَاءَةِ لَا يَجُوزُ اهـ أَقُولُ نَفْيُ الْجَوَازِ فِيهِ تَأَمُّلٌ لِأَنَّا رَأَيْنَا فِي كَثِيرٍ مِنْ مَوَاضِعِ الْخِلَافِ اسْتِحْبَابُ رِعَايَتِهِ كَإِعَادَةِ الْوُضُوءِ مِنْ مَسِّ الذَّكَرِ وَالْمَرْأَةِ فَيَكُونُ رِعَايَةُ صِحَّةِ الصَّلَاةِ بِقِرَاءَةِ الْفَاتِحَةِ عَلَى قَصْدِ الْقُرْآنِ كَذَلِكَ بَلْ اوَلِي لِأَنَّ الْإِمَامَ الشَّافِعِيَّ يَفْرِضُهَا فِي الْجِنَازَةِ فَتَأَمَّلْ”.
“Дар фатовои “Валволиҷӣ” чунин гуфтааст:Қироати сураи “Фотиҳа” (дар намози ҷаноза) ба қасди дуо боке надорад, вале агар ба қасди қироъат онро бихонад ҷоиз нест”. Аммо ман мегӯям: Дар инкор кардани ба қасди қироъат ҷоиз будани қироати сураи “Фотиҳа” дар намози ҷаноза ҷои савол аст. Зеро мебинем, ки дар бисёр масъалаҳои ихтилофӣ, монанди мустаҳаб будани вузӯ кардан аз ба даст гирифтани олати мард ва шармгоҳи зан муроъоти хилофро мустаҳаб гуфта шудааст. Пас лоиқ ин аст,ки барои бидуни ихтилоф дуруст шудани намози ҷаноза сураи “Фотеҳа”-ро ба қасди қироъат хонда шавад, балки дар инҷо муроъоти хилоф авлотар мебошад. Зеро Имом Шофеъӣ қироъати сураи “Фотеҳа”-ро дар намози ҷаноза фарз мегӯяд”.
3-Аз дидгоҳи уламои моликӣ намози ҷаноза дар дохили масҷид макруҳ аст ва аз дидгоҳи уламои шофеъӣ гузоридани намози ҷаноза дар дохили масҷид мустаҳаб мебошад. Аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Молик дар беруни масҷид гузоридани намози ҷаноза афзал аст. Дар ин мавзӯъ Имом Айнӣ дар “Биноя шарҳи китоби Ҳидоя” чунин гуфтааст:
“وفي البناية شرح الهداية -3/ 231- وعلى كل تقدير الصلاة على الجنازة خارج المسجد أولى وأفضل، بل أوجب للخروج عن الخلاف لا سيما في باب العبادات”.
“Дар кулли ҳол гузоридани намози ҷаноза дар хориҷи масҷид авло ва афзал, балки барои муроъоти хилоф, алалхусус муроъоти хилофи дар боби ибодатҳо лозимтар аст”.
4-Аз дидгоҳи Имом Шофеъӣ ва баъзе дигар уламо даст расонидани мардон ва занон ба олати таносулиашон таҳоратро мешиканад ва аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ таҳоратро намешиканад. Барои муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ уламои ҳанафӣ дар ин масъала вузӯ карданро мустаҳаб гуфтаанд. Дар ин мавзӯъ дар “Ҳошияи Таҳтовӣ” чунин омадааст:
“وفي حاشية الطحطاوي على مراقي الفلاح شرح نور الإيضاح -ص: 93- وقد تقدم أنه يستحب الوضوء للخروج من خلاف العلماء فإن العبادة المتفق عليها خير من العبادة المختلف فيها”.
“Қаблан зикр гардид, ки барои муроъоти хилофи уламо вузӯ кардан мустаҳаб аст. Ҳамоно ибодати ба иттифоқи уламо ба таври дуруст анҷом гирифта, аз ибодате, ки дар дуруст буданаш дар байни уламо ихтилоф бошад беҳтар аст”.
5- Аз дидгоҳи имом Аҳмад талаби мағфират кардан дар байни ду саҷда фарз мебошад ва касе чунин дуоро тарк бисозад намозаш дуруст намешавад. Дуои мазкур дар ривояти“Сунани Абудовуд”бо санади ҳасан ба ин лафз аст:
“و في سنن أبي داود -1/ 224 850 – -عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَقُولُ بَيْنَ السَّجْدَتَيْنِ: «اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي، وَارْحَمْنِي، وَعَافِنِي، وَاهْدِنِي، وَارْزُقْنِي“. (وحكم المحقق: حسن).
“Аллоҳум-мағфир лӣ вар-ҳамнӣ ва офинӣ ваҳдинӣ варзуқнӣ”.
Баъзе уламои ҳанафӣ барои муроъоти хилофи Имом Аҳмад чунин дуо карданро дар байни ду саҷда мустаҳаб гуфтаанд. Аллома Ибни Нуҷайм дар “Баҳри роиқ” ин мавзӯъро чунин баён кардааст:
“وفي البحر الرائق شرح كنز الدقائق ومنحة الخالق وتكملة الطوري – 1 / 340: وَيَنْبَغِي بِنَاءً عَلَى مَا ذَكَرْنَا أَنْ يُنْدَبَ الدُّعَاءُ بِالْمَغْفِرَةِ بَيْنَ السَّجْدَتَيْنِ خُرُوجًا مِنْ خِلَافِ الْإِمَامِ أَحْمَدَ – رَحِمَهُ اللَّهُ – لِإِبْطَالِهِ الصَّلَاةَ بِتَرْكِهِ عَامِدًا وَلَمْ أَرَمَنْ صَرَّحَ بِذَلِكَ، لَكِنْ صَرَّحُوا بِاسْتِحْبَابِ مُرَاعَاةِ الْخِلَافِ وَهَذَا مِنْهُ كَمَا لَا يَخْفَى، نَعَمْ، لَوْ كَانَ الدُّعَاءُ الْمَذْكُورُ مَنْهِيًّا عَنْهُ عِنْدَنَا لَا تُسْتَحَبُّ الْمُرَاعَاةُ لِمَا يَلْزَمُ عَلَيْهَا مِنْ الْخُرُوجِ عَنْ الْمَذْهَبِ لَكِنَّ ثُبُوتَ الْكَرَاهَةِ يَحْتَاجُ إلَى دَلِيلٍ”.
“Бинобар он чи гузашт сазовор ин аст, ки дуои барои мағфиратро дар байни ду саҷда аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Аҳмад, ки онро фарз мегӯяд ва намозро ба тарки он ҳукми ботил шудан медиҳад, мустаҳаб гуфта шавад. Ман надидаам, ки касе аз уламои мо чунин назар дода бошад, вале назар додаанд, ки муроъоти хилоф мустаҳаб мебошад ва чуноне медонем ин масъала ихтилофист. Оре, агар дар байни ду саҷда дуо кардан аз дидгоҳи уламои мо мамнуъ мебуд муроъоти хилофи дар ин масъала мустаҳаб намебуд, зеро хуруҷи аз мазҳабро ба дунбол дошт, вале барои исбот кардани кароҳияти чунин дуо зарурат ба далел аст”.
Дар “Радди муҳтор” низ айни иборатҳоро чунин овардааст:
“وفي الدر المختار وحاشية ابن عابدين “رد المحتار” -1/ 505: يَنْبَغِي أَنْ يُنْدَبَ الدُّعَاءُ بِالْمَغْفِرَةِ بَيْنَ السَّجْدَتَيْنِ خُرُوجًا مِنْ خِلَافِ الْإِمَامِ أَحْمَدَ لِإِبْطَالِهِ الصَّلَاةَ بِتَرْكِهِ عَامِدًا وَلَمْ أَرَ مَنْ صَرَّحَ بِذَلِكَ عِنْدَنَا، لَكِنْ صَرَّحُوا بِاسْتِحْبَابِ مُرَاعَاهُ الْخِلَافِ”.
“Сазовор ин аст, ки дуои барои мағфиратро дар байни ду саҷда аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Аҳмад, ки онро фарз мегӯяд ва намозро ба тарки он ҳукми ботил шудан медиҳад, мустаҳаб гуфта шавад. Ман надидаам, ки касе аз уламои мо чунин назар дода бошад, вале назар додаанд, ки муроъоти хилоф мустаҳаб аст”.
6-Аз дидгоҳи уламои ҳанбалӣ аз шустани мурда таҳорати шахси мурдаро шуста аст, мешиканад ва уламои ҳанафӣ барои муроъоти хилофи ҳанбалиҳо гуфтаанд, ки вузӯ кардан барояш мустаҳаб аст. Дар “Ради муҳтор” дар ин мавзӯъ чунин гуфтааст:
“وفي الدر المختار وحاشية ابن عابدين “رد المحتار” -1/ 170- قَوْلُهُ: أَوْ غَسَّلَ مَيِّتًا- لِلْخُرُوجِ مِنْ الْخِلَافِ كَمَا فِي الْفَتْحِ”.
“Ё мурдаеро шуста бошад аз ҷиҳати муроъоти хилоф вузӯ мекунад”.
7-Аз дидгоҳи ҷумҳури уламо агар дар роҳи ҳоҷӣ ду миқот, яъне ду маконе, ки аз онҳо иҳром баста мешавад бошад, ихтиёр дорад, ки аз кадоми ин ду мехоҳад иҳром бандад ва Имом Шофеъӣ аз миқоти аввал иҳром бастанро фарз мегӯяд. Барои муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ уламои ҳанафӣ аз миқоти аввал иҳром бастанро афзал гуфтаанд. Дар ин мавзӯъ дар “Баҳри роиқ” чунин гуфтааст:
“وفي البحر الرائق شرح كنز الدقائق ومنحة الخالق وتكملة الطوري -2/ 341: مَنْ فِي طَرِيقِهِ مِيقَاتَانِ مُخَيَّرٌ فِي أَنْ يُحْرِمَ مِنْ الْأَوَّلِ وَهُوَ الْأَفْضَلُ عِنْدَ الْجُمْهُورِ خُرُوجًا عَنْ الْخِلَافِ فَإِنَّهُ مُتَعَيِّنٌ عِنْدَ الشَّافِعِيِّ”.
“Шахсеро дар роҳаш ду миқот бошад, дар масъалаи аз кадомаш иҳром бандат ихтиёр дорад, вале аз миқоти аввал иҳром бастан аз дидгоҳи ҷумҳури уламо аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ афзал аст. Зеро аз миқоти аввал иҳром бастан аз дидгоҳи вай шарт аст”.
8- Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ садақаи фитрро аз гандум ё пӯл ба қиммати гандум бидиҳад дуруст мешавад, вале аз ҷиҳати муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ, ки додани орд ё пӯлро дар ивази гандум ҷоиз намедонад, гандум бидиҳад афзал аст. Ин мавзӯъро дар “Маҷмаъи анҳур” чунин баён кардааст:
“وفي مجمع الأنهر في شرح ملتقى الأبحر -1/ 229- “وَدَفَعَ الْبُرَّ فِي مَكَان تُشْتَرَى بِهِ- أَيْ بِالْبُرِّ -الْأَشْيَاءُ فِيهِ أَفْضَلُ- ؛ لِأَنَّهُ أَبْعَدُ عَنْ الْخِلَافِ إذْ فِي الدَّقِيقِ وَالْقِيمَةِ خِلَافُ الشَّافِعِيِّ”.
“Дар маконе, ки ашёро бо гандум мехаранд, садақаи фитро аз гандум додан афзал аст. Зеро аз гандум додан аз хилоф дур шуданд аст, чун Имом Шофеъӣ дар ивази гандум додани орд ё пулро ҷоиз намедонад”.
Танбиҳи муҳим
1- Мурод аз муроъоти хилоф, муроъоти хилофи фатвои уламои росихи дар илм аст, ки бо истидлол ба Қуръон ва Суннат чунин фатво ва назар дода бошанд. Зеро муроъоти хилоф дар ҳақиқат муроъоти хилофи далелҳост, ки далолатҳои мухталиф доранд, на муроъоти шахсияти уламо.
2- Агар саҳеҳ будани далели фатвои уламоро дониста нашавад хилофи онҳоро муроъот карда намешавад.
3- Ба шарте муроъоти хилоф мустаҳаб аст, ки далели овардаи мухолиф аз далели овардаи уламои мазҳаб қаввитар ё баробари он бошад. Дар сурате, ки далели фатвои уламои мазҳаб қаввитар аз далели фатвои мухолиф бошад ё далели мухолиф заъиф аст ҳеҷ зарурате ба муроъоти хилофи фатвои мухолиф нест.
4- Ба шарте муроъоти хилоф мустаҳаб аст, ки далели фатвои мухолифро ҳукмаш мансух нашуда бошад. Ба таври мисол шофеъимазҳабон дар намози фарзи бомдод дуои қунут мехонанд ва уламои ҳанафӣ хондани қунутро дар бомдод амали мансухшуда медонанд ва амал кардан ба амали мансух ҳаром аст.Пас ҳанафимазҳаб ба эътибори муроъоти хилофи Имом Шофеъӣ дар намози бомдод қунут хонда наметавонад.


