Тафсири Сураи Хач Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 14
إِنَّ اللَّهَ يُدْخِلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ۚ إِنَّ اللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ ١٤
Инналлоҳа юдхилу-л-лазӣна оману ва ъамилу-с-солиҳоти ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л анҳар. Инналлоҳа яфъалу ма юрӣд. 14.
14. Ҳаройина, Худованд ононеро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, дар бӯстонҳое, ки зери он ҷӯйҳо мераванд, дарорад. Ҳаройина, он чӣ Худо мехоҳад, мекунад.
Дар оятҳои қаблӣ ҳоли мушрикону мунофиқон баён шуд. Ҳоло Худованд дар ин оят оқибати неки муъминонро, ки дар охират ба онҳо чӣ подош мешавад, баён карда, хабар додааст, ки Худо муъминони содиқро, ки корҳои шоиста карданд, ба боғҳое хоҳад даровард, ки зери қасрҳо ва дарахтҳояш наҳрҳои об, шир, ва асал ва дигар нушиданиҳо ҷорӣ аст ва онҳо дар он боғҳо шоду масрур ҷовидон боқӣ бимонанд, барномаи онҳо мушаххас буда, ҳамдаму ҳамнишини анбиё, солеҳон, фариштагон ва шуҳадо хоҳанд шуд. Зеро Худованд ҳарчиро ирода кунад, анҷом медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «