Сураи Ҳаҷ Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 15

مَنْ كَانَ يَظُنُّ أَنْ لَنْ يَنْصُرَهُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ فَلْيَمْدُدْ بِسَبَبٍ إِلَى السَّمَاءِ ثُمَّ لْيَقْطَعْ فَلْيَنْظُرْ هَلْ يُذْهِبَنَّ كَيْدُهُ مَا يَغِيظُ ١٥

Ман кана язунну ал ла-н янсураҳуллоҳу фи-д-дунйа ва-л ахирати фа-л ямдуд би сабабин ила-с-самаи сумма-л-яқтаъ фа-л янзур ҳал юзҳибанна кайдуҳу ма яғӣз.15.

15. Ҳар ки пиндошта бошад, ки Худо дар дунё ва охират ҳаргиз Пайғамбарро нусрат нахоҳад дод, пас, бояд аз ҷониби боло ресмоне биёвезад, то худро хафа кунад, (ё бо ёрии асбобе боло равад ва агар тавонад дарҳои нусрати илоҳиро бандад) пас, дарнигарад, ки оё тадбири ӯ чизеро, ки ӯро ба хашм овардааст, дур мекунад, ё дарҳои нусрати илоҳиро баста метавонад?

Муфассирон дар мавриди маънои ояти мазкур фикрҳои гуногун доранд. Гурӯҳе замир (ҷонишин)-е ки дар феъли «янсураҳу» аст, ба таври умум ба ҳар инсон мансуб донистанд.

Аммо гурӯҳи дигаре аз онҳо гуфтаанд, ки замир (ҷониши)-е, ки дар феъли «янсураҳу» аст, ба Расулуллоҳ (с) роҷеъ мешавад. Аксари муфассирон ин назарияро ҷонибдорӣ кардаанд. Аз ин нигоҳ эзоҳи маънои оят, валлоҳу аълам, чунин аст: Ваъдаҳое, ки Ҳақ таъоло дар бораи ёрӣ ва фатҳ дар дунё ва охират ба Расулуллоҳ (с) додааст, бе ҳеҷ шакку шубҳа амалӣ хоҳанд шуд. Агарчи ҳасудхӯрон ва кофирон бисёр андӯҳгин шаванд ва барои боздоштани ваҳй ва ёрии Худованд тадбирҳои гуногун андешанд, ба ҳар сурат ёрии Аллоҳ таъоло ба Муҳаммад (с) мерасад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ амал монеъи ёрии Худованд шуда наметавонад. Агар кофирон ва ҳасудхӯрон ба нусрате, ки аз ҷониби Худованд ба Расулуллоҳ (с) омадааст, хашму ғазаби фавқулодда доранд ва гумон доранд, ки бо кӯшиши худ хости Худовандро боз дошта метавонанд, бигзор кӯшиши ниҳоии худро ба кор баранд. Оё метавонанд аз осмон ресмон овезон кунанд ва ба воситаи он боло раванд ва аз он ҷо имдод (ваҳй)-и осмониро қатъ кунанд, бозпас гарданд ва онгоҳ бингаранд, оё ин тадбири онҳо нозилшавии ваҳйи Илоҳиро ба Расулуллоҳ (с) манъ гардонидааст, оё кӯмаки Худованд қатъ шудааст, то хашми онҳо фурӯ нишинад? Оё кинае, ки онҳо доранд, бо чунин ҳаракатҳо дарди дилашонро даво карда метавонад? Ҳаргиз ва ҳаргиз наметавонад ва чунин ҳам намешавад. Агар Худои нахоста шавад, ҳам ҷузъист.

Хулоса, Худованд Муҳаммад (с), (Китоб ва динаш)-ро ёрӣ медиҳад ва агар ин амр кина ва хашми касеро барангезад, биравад ва ҳар коре мехоҳад бикунад. Агар хоҳад худро аз осмон ё аз сақфи хонаи худ ба дор овезад. Агар худро хафа кунаду кушаду халос шавад ҳам, ҳатман Худованд Паёмбар (с)-ро ёрӣ медиҳад. Ин оят барои мусулмонон умедбахш ва гӯёи он аст, ки мусулмонон дар кӯмаки Худованд ҳаргиз шак накунанд, дар ҳар шароите бояд сабр кунанд, пирӯзӣ аз они онҳост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)