Тафсири Сураи Хач Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 2
يَوْمَ تَرَوْنَهَا تَذْهَلُ كُلُّ مُرْضِعَةٍ عَمَّا أَرْضَعَتْ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمْلٍ حَمْلَهَا وَتَرَى النَّاسَ سُكَارَىٰ وَمَا هُمْ بِسُكَارَىٰ وَلَٰكِنَّ عَذَابَ اللَّهِ شَدِيدٌ ٢
Явма таравнаҳа тазҳалу куллу мурЗиъатин ъамма арЗаъат ва таЗаъу куллу зати ҳамлин ҳамлаҳа ва тара-н-наса сукаро ва ма ҳум би сукаро ва лакинна ъазабаллоҳи шадӣд. 2.
2. Рӯзе, ки онро бубинед, ҳар ширдиҳанда аз тифле, ки ӯро шир медиҳад, ғофил шавад ва ҳар зани бордор бори шиками худро биниҳад ва мардумро маст бубинӣ ва ҳол он ки маст нестанд, валекин азоби Худо (дар он рӯз) сахт аст.
Аллоҳ таъоло дар ин оят чигунагии ҳолати инсонҳоро ҳангоми барпошавии зилзилаи рӯзи қиёмат баён намуда аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Худованд инсонро чунин офарида аст, ки модар ба тифли ширхораи худ муҳаббати аҷиб дорад. Аммо дар он рӯзи беандоза даҳшатбор ҳар модари ширдеҳ аз рӯи тарсу ҳарос аз тифли худ ғофил мемонад, пистони худро аз даҳони тифли ширхораи худ берун мекашад ва фарзанди азизашро фурӯ мегузораду ба ғами худ овора мешавад.
Инчунин ҳар ҷони ҳомила аз тарсу ҳароси он рӯз беихтиёр ҳамлашро пеш аз муҳлат фурӯ меафканад сақти ҷанин мешавад. Мардумро дар он рӯз аз шиддати тарс ва даҳшат ҳуш аз сарашон парида, монанди мастоне ки бе рабт ба ҳар тараф мекалованд, дар рафтуой мебинӣ, дар ҳоле, ки онҳо масти шароб нестанд. Онҳо дар он рӯз аз хавфи азоби Аллоҳ дар ҳаросанд, ки ҳоламон чи мешуда бошад? Онҳо чи касонанд, ояти зер мушаххас баён кардааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «