Тафсири Сураи Хач Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 3
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيْطَانٍ مَرِيدٍ ٣
Ва мина-н-наси ма-н юҷадилу филлаҳи би ғайри ъилми-в ва яттабиъу кулла шайтони-м марӣд. 3.
3. Ва аз мардум касе ҳаст, ки дар шаъни Худо ба ғайри дониш гуфтугӯ мекунад ва ҳар шайтони мутамаррид (саркаш)-ро пайравӣ мекунад.
Муфассирон гуфтаанд: “Ин оят дар шаъни Назр ибни Ҳорис нозил шудааст. Зеро ӯ мегуфт: «Фариштагон духтарони Худоянд, Қуръон аз афсонаҳо ва достони пешиниён иборат аст» Инчунин ӯ қиёмат ва зиндагардонидан баъд аз мирониданро инкор дошт ва дар ин хусус бисёр кашмакашу баҳсу мунозира мекард.” Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки агарчи нозилшавии ин оят вобаста ба шахси хос аст, аммо ҳар касе, ки ин хислатҳои разилро дошта бошад, (чун ҳукми оят ом аст), ӯро низ шомил мегардад.
Хулоса, баъд аз ҳушдор додани мардум ва баёни ҳолати даҳшатбори рӯзи Қиёмат, Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки бо вуҷуди хабар доштан аз барпошавии чунин рӯзи шадидан пурхавф, боз ҳам аз мардум касоне ҳастанд, ки бе ҳеҷ далелу ҳуҷҷат дар қудрат ва сифатҳои Аллоҳтаъоло муҷодала (баҳсу талош) мекунанд. Дар суханҳои Худованд каҷфаҳмӣ карда, ба онҳо зиддият нишон медиҳанд. Онҳо ҳеҷ донише дар бораи сифатҳои Ӯ таъоло надоранду бо истифода аз ҳукмҳо ва хаёлҳои беасоси худ ҳукмҳои Худовандро, ки ба воситаи пайғамбарон ба сӯи мардум бозгӯ шудаанд, рад мекунанд.
Иллати аслии рафтори аҳмақонаи ин гуна шахсонро Аллоҳтаъоло дар давоми оят баён намуда гуфтааст, ки онҳо барои гумроҳ шудан хеле моиланд, бо осонӣ ҳар шайтони саркашро пайравӣ мекунанд. Ҳол он ки шайтон дар баробари суханҳои Парвардигор саркашӣ ва зиддиятро ихтиёр карда, барои гумроҳ кардани инсон қасам ёд кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «