Сураи Ҳаҷ Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 43

وَقَوْمُ إِبْرَاهِيمَ وَقَوْمُ لُوطٍ ٤٣

Ва қавму Иброҳӣма ва қавму Лут. 43.

43. Ва (ҳамчунин) қавми Иброҳиму қавми Лут.

Ин оятҳо барои Расулуллоҳ (с) тасаллӣ ва барои мушрикон ваъид (ваъдаи ҷазо) аст. Яъне агар мардуми Макка туро дурӯғгӯ мепиндоранд ва суханҳои туро дурӯғ меҳисобанд, бидон, ки ту аввалин паёмбаре нестӣ, ки аз ҷониби қавми худ дурӯғгӯ ҳисобида мешавӣ. Пеш аз ту паёмбароне буданд, ки аз тарафи қавмҳои худ монанди қавмҳои Нӯҳ (а), Од ва қавми Самуд, ҳамчунин аз тарафи қавми Иброҳим (а) ва қавми Лут (а) дурӯғгӯ хонда шуданд. Аммо он пайғамбарон сабрро пеша карданд, то ин, ки Худованд дурӯғпиндорандагонро ба диёри нестӣ фиристод. Пас, ту ҳам аз он паёмбарон пайравӣ кун ва сабру таҳаммул дошта бош.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)