Тафсири Сураи Хач Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 47
وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ وَلَنْ يُخْلِفَ اللَّهُ وَعْدَهُ ۚ وَإِنَّ يَوْمًا عِنْدَ رَبِّكَ كَأَلْفِ سَنَةٍ مِمَّا تَعُدُّونَ ٤٧
Ва ястаъҷилунака би-л-ъазаби ва ла-н юхлифаллоҳу ваъдаҳ. Ва инна явман ъинда Раббика ка алфи санати-м мим ма таъуддун. 47.
47. Ва ба зудӣ аз ту азобро металабанд ва Худо ваъдаи Худро ҳаргиз хилоф нахоҳад кард. Ва ҳаройина, як рӯз назди Парвардигори ту монанди ҳазор сол аст аз он чӣ шумо мешуморед.
Мушрикони асри Расулуллоҳ (с) омадани азоби Худовандро шадидан инкор мекарданд, аз ин рӯ Аллоҳ таъоло дар ояти мазкур фармудааст, ки эй Муҳаммад (с) мушрикон бо истеҳзо ва махсара аз ту мехоҳанд азобе, ки онҳоро аз он метарсонӣ, зудтар ва пештар аз муҳлати ваъдашуда ба онон фиристода шавад. Онҳо бояд бидонанд, ки албатта, чунин азобе, ки барои онҳо ваъда шудааст, воқеъ хоҳад шуд, аммо дар замони муқарраршуда ва аз он таҷовуз намекунад. Худованд дар фуруд овардани азоб ба душманони Худ ва гиромӣ доштани дӯстони Худ ҳаргиз ваъдахилофӣ намекунад.
Дар охири ояти зери назар Худованд хабар додааст, ки як рӯз назди Павардигори ту баробар бо ҳазор соли дунё аст. Муфассирон дар шарҳи ин қисми оят фикрҳои гуногунро баён кардаанд. Хулосаи фикри онҳо, валлоҳу аълам, чунин аст: “Мурод аз «рӯз назди Павардигор» рӯзи қиёмат аст, ки ба сабаби воқеъаҳои хатарнок, бим, ҳарос ва сахтӣ он рӯз ба қадре тӯлонӣ эҳсос мешавад, ки ҳазор сол менамояд.”
Эҳтимоли дигар ин аст, ки дар ҳақиқат ҳар рӯзи Қиёмат ба қадри ҳазор соли дунё аст. Дар «Ҷомеъ»-и Тирмизӣ ва «Муснад»-и Аҳмад аз ҳазрати Абӯ Ҳурайра (р) ривоят шудааст, ки рӯзе он ҳазрат ба фақирони муҳоҷир хитоб намуда фармуд: «Ман шуморо дар рӯзи қиёмат ба нури комил ба ин мужда медиҳам, ки шумо аз сарватмандон нисфи рӯз пештар ба Ҷаннат ворид мешавед ва ҳар рӯзе назди Худо ҳазор сол аст».
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «