Сураи Ҳаҷ Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 53

لِيَجْعَلَ مَا يُلْقِي الشَّيْطَانُ فِتْنَةً لِلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ وَالْقَاسِيَةِ قُلُوبُهُمْ ۗ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ لَفِي شِقَاقٍ بَعِيدٍ ٥٣

Лияҷъала ма юлқи-ш-шайтону фитната-л лил лазӣна фӣ қулубиҳим-м мараЗу-в ва-л-қасияти қулубуҳум. Ва инна-з-золимӣна лафӣ шиқоқин баъӣд. 53.

53. То Худо он чӣ шайтон афгандааст дар ҳаққи ононе, ки дар дилҳои онҳо беморист ва касоне, ки дилҳои онҳо сахт аст, балое (озмун)-е бигардонад. Ҳаройина, ситамгарон (дар бораи ҳақ) дар мухолифати дурударозанд,

Дар идомаи ояти қаблӣ Худованд дар ин оят фармудааст, ки дар асл дар дилҳои мунофиқон ва мушрикон бемории шак ва шубҳа вуҷуд дорад. Онҳо аз хайр чунон дуранд, ки ба дуртарин нуқтаи гумроҳӣ расидаанд.

Илова бар ин, Аллоҳтаъоло васваса ва шубҳаҳои воридкардаи шайтонҳои ҷиннӣ ва инсиро барои мунофиқон василаи озмоиш қарор додааст. Онҳо огоҳ нашуданд, балки шакку шубҳа ва ноҳақ (ботил)-ро ба дараҷаи яқин бовар карданд. Онҳо комилан сангдил буда, ҳатто бо ёди Худо ҳам ниҳодашон нарм намешавад. Наъузу биллоҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)