Тафсири Сураи Хач Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 54
وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ فَيُؤْمِنُوا بِهِ فَتُخْبِتَ لَهُ قُلُوبُهُمْ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَهَادِ الَّذِينَ آمَنُوا إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ ٥٤
Ва ли яълама-л-лазӣна уту-л-ъилма аннаҳу-л ҳаққу ми-р-Раббика фа юъмину биҳӣ фатухбита лаҳу қулубуҳум. Ва инналлоҳа ла ҳади-л-лазӣна оману ила сироти-м мустақӣм. 54.
54. Ва то ононеро ки ъилм дода шудааст, бидонанд, ки он ваҳй рост ва аз ҷониби Парвардигори ту аст, пас, ба он имон оранд ва дилҳояшон барои Худо ниёиш (тавозуъ) кунад. Ва ҳаройина, Худованд муъминонро ба сӯйи роҳи рост ҳидояткунандааст.
Ин афсонаҳои сохтаи ҳодисаи «ғарониқ» чунонки дар ояти 20-уми сураи «Наҷм» мегузарад ва ин васвасаҳои шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ валлоҳу аълам, барои он аст, ки то касоне ки нисбат ба дини Худованд ва оятҳои Ӯ илм дода шудаанду огоҳанду ҳақро аз ботил, ваҳйро аз васвасаҳои шайтонӣ ҷудо карда метавонанд, бидонанд, ки ин ваҳйе, ки аз ҷониби Парвардигори ту нозил шудааст, ҳақ аст. Ба он имон оваранд ва дар имонашон мустаҳкаму пойдор бимонанд.
Баракси мушрикону мунофиқон, ки дилҳояшон аз васвасаи шайтон бемор аст, дилҳои муъминон аз таъсири оятҳои қуръонӣ оромиш меёбад, фурӯтан ва нарм мегардад. Зеро Худованд муъминонро танҳо намегузорад, балки онҳоро ба сӯйи роҳи рост онҳоро ҳидоят мекунад, роҳе, ки саҳеҳ ва дар он ҳеҷ каҷӣ, гумроҳӣ дида намешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «