Сураи Ҳаҷ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 6

ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّهُ يُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَأَنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ٦

Залика би анналлоҳа Ҳува-л-ҳаққу ва аннаҳу юҳйи-л мавта ва аннаҳу ъала кулли шай-ин қадӣр. 6.

6. Ин ҳама далел бар он аст, ки Худо ҳақ аст ва мурдагонро зинда мекунад ва бар ҳама чиз тавоност,

Бо тафсил ва бо мисолҳо баён намудани мавзӯи офариниши инсон ва растаниҳо дар ояти қаблӣ барои он аст, ки бояд шумо дарк кунед ва донед, ки офаранда ва тадбиркунандаи олами ҳастӣ фақат ва фақат Худованди қодиру беҳамтост. Он чи дар олами ҳастӣ падид меояд, нишонаҳои қудрат ва тавоногии Ӯ ва гувоҳи раднопазир аст. Он чи Худо гуфтааст, ҳақ аст, зеро вуҷудаш ҳамеша собиту пойдор ва тағйирнопазир аст. Инчунин ин марҳилаҳои ҳаётии инсонҳо ва ҷаҳони гиёҳон гувоҳ аст, ки Худо қодир аст, мурдаро зинда кунад. Худованд Тавоност, ҳар чӣ хоҳад мекунад. Ин низоми ҳоким бар ҷаҳон бо лафзи ҳол ба мо мегӯяд, ки Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад. Барои маълумоти бештар ба ояти 27-уми сураи «Сод» муроҷиъат шавад. Ояти зер ҳамчу таъкид ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)