Сураи Ҳаҷ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 5

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِنَ الْبَعْثِ فَإِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ مِنْ نُطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ مِنْ مُضْغَةٍ مُخَلَّقَةٍ وَغَيْرِ مُخَلَّقَةٍ لِنُبَيِّنَ لَكُمْ ۚ وَنُقِرُّ فِي الْأَرْحَامِ مَا نَشَاءُ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى ثُمَّ نُخْرِجُكُمْ طِفْلًا ثُمَّ لِتَبْلُغُوا أَشُدَّكُمْ ۖ وَمِنْكُمْ مَنْ يُتَوَفَّىٰ وَمِنْكُمْ مَنْ يُرَدُّ إِلَىٰ أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْلَا يَعْلَمَ مِنْ بَعْدِ عِلْمٍ شَيْئًا ۚ وَتَرَى الْأَرْضَ هَامِدَةً فَإِذَا أَنْزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاءَ اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ وَأَنْبَتَتْ مِنْ كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ ٥

Йа айюҳа-н-насу ин кунтум фӣ райби-м мина-л-баъси фа инна халақнакум-м мин туробин сумма мин-н-нутфатин сумма мин ъалақатин сумма мим муЗғати-м мухаллақати-в ва ғайри мухаллақати-л ли нубаййина лакум. Ва нуқирру фи-л-арҳами ма нашау ила аҷали-м мусамман сумма нухриҷукум тифлан сумма ли таблуғу ашуддакум. Ва минкум-м ма-н ютаваффа ва минкум-м ма-н юрадду ила арзали-л-ъумури ли кайла яълама мин баъди ъилмин шай-а. Ва тара-л-арЗа ҳамидатан фа иза анзална ъалайҳа-л-мааҳтаззат ва рабат ва анбатат мин кулли завҷин баҳӣҷ. 5.

5. Эй мардум, агар аз растохез дар шак ҳастед, пас (бидонед), ҳаройина, Мо шумо (падаратон Одам)-ро аз хок офаридем, сипас (шуморо) аз нутфа (сперм), сипас аз хуни баста, сипас, аз гӯштпораи суратдода ва ғайри суратдода, то (инро) барои шумо возеҳ созем ва дар раҳмҳо чизеро, ки хоҳем, то вақти муъайян қарор медиҳем, сипас, шуморо кӯдакшуда берун меорем, сипас, шуморо (тарбият кунем), то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед, ва аз шумо касе бошад, ки миронда шавад; ва аз шумо касе бувад, ки ба бадтарин марҳилаи умр бозгардонида шавад, то ҷое ки чизеро надонад, баъд аз он, ки медонист. Ва мебинӣ Заминро хушкшуда, пас, вақте ки бар он обро фурӯ фиристодем, ҷунбиш кунаду бияфзояд ва аз ҳар навъ набототи равнақдору хушманзар бирӯёнад.

Аз оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки монеъаи асосӣ дар мавриди қабули ягонагии Аллоҳтаъоло ва қабули сифатҳои Ӯ таъоло, нодонӣ аст. Ҳамин гуна ҷаҳл (нодонӣ) инсонро ба пайравӣ аз шайтон ва баҳсу кашмакаш водор мекунад. Яке аз он нодониҳо ин аст, ки қиёматро бовар намекунад ё дар барпошавии он шак мекунад. Дар замони Расулуллоҳ (с) Назр ибни Ҳорис ва дигар саркашони монанди ӯ нодонии худро (дар радди барпошавии қиёмат, аз нав зинда шудан баъд аз мурдан, ҳисобу китоби амалҳо, мукофот ва ҷазо барои амалҳо), бо аҳмақонатарин саволҳо ошкор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки чун одам бимирад, бо гузашти замон ба куллӣ фарсуда мегардад ва ҳатто устухонҳояш зарра-зарра мешаванд. Чӣ гуна бовар метавон кард, ки ӯ дубора зинда шуда, ба ҳолати аслӣ ва аввали худ бармегардад?

Ҳоло дар ин оят Худованд ба ин савол ҷавоб дода гуфтааст, ки эй мардум, агар дар мавриди зинда шудани худ баъд аз марг шак дореду ба ин фаҳми нодуруст гирифторед, ки ҷисми фарсуда ва зарра-зарра шуда чӣ гуна ду бора зинда мешавад, пас ба асли пайдоиши худ диққат кунед ва бубинед, ки офариниши шумо кадом марҳилаҳоро паси сар кардааст. Он гоҳ шак ва нобоварии шумо бартараф хоҳад шуд.

Сипас дар идомаи ояти мазкур Худованд гуфтааст, ки Мо офаридем шуморо аз хок, яъне аввал падари шумо (Одам)-ро аз хок офаридем. Сипас насли ӯ (а)-ро аз нутфа (сперматизоид) офаридем.

Марҳилаҳои асосии раванди афзоиши ҷанин дар ҳадисҳои Расулуллоҳ баён шудаанд. Муфассирон он ҳадисҳоро бо ривоятҳои гуногун баён намудаанд.

Хулоса, чун нутфа дохили раҳми модар мешавад, баъд аз чиҳил рӯз қисми бордоршудаи он ба алақа (хуни баста) табдил мегардад. Хуни баста баъд аз чиҳил рӯз ба музға (қитъаи гӯштпора) табдил мегардад. Дар ин марҳила фариштае, ки бар офариниши ҳар инсон маъмурият дорад, аз Худо савол мекунад, ки оё аз ин гӯштпора офаридани инсоне назди Ту муқаддар аст ё хайр?


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Агар аз тараф Худо ин посух дода шавад, ки ин гӯштпора шакл дода намешавад, пас он аз бачадон берун афганда мешавад ва ба марҳилаҳои дигари офариниш намерасад.

Агар дастур бирасад, ки он шаклдодашуда аст, фаришта боз савол мекунад, ки писар аст ё духтар? Накӯкор аст ё бадкор? Умри ӯ чӣ қадар аст? Амали ӯ чӣ гуна аст? Куҷо мемирад? Ба ҳамаи ин саволҳо фаришта посух мегирад ва онро менависад.

Худованд дар давоми оят фармудааст, ки бо ин тартиб ба марҳилаҳои ҳайратенгез ва шаклу андоми бесобиқа шуморо офаридем. То ба ин восита тавоноӣ ва ҳикмати Худро баён кунем. Бошад, ки шумо дарк кунед, ки Худованде, ки инсони аввалинро аз хок офарид, насли онро низ аз қатраи обе, ки дар он ҳеҷ нишонае аз узвҳои бешумори инсон нест, марҳила ба марҳила ва бе ҳеҷ хатогӣ халқ кард. Он Зот бе шакку шубҳа метавонад, он чиро, ки аввал офаридааст, баъд аз миронидан ва зарра-зарра гардидан боз аз нав ба вуҷуд оварад.

Худованд дар идомаи оят фармуд, ки агар бихоҳем дар батни модарон то замони муайян ҷанин (шумо)-ро нигоҳ медорем, то офаринишаш комил гардад. Баъд аз он шуморо аз шиками модар ба намуди тифл берун меорем, ки баъдан, қувваи биноӣ, шунавоӣ, ҳиссиёт, ақл ва нерӯи шумо хеле заъиф буда, нотавону мӯҳтоҷи парваришед. Сипас бо иродаи Мо бо тадриҷ узвҳо тараққӣ дода мешаванд, то ҳамаи нерӯи инсон ба пояи ниҳоии камол расонида мешавад.

Баъзе аз шумо қабл аз расидан ба синни рушду камол оламро падруд мегӯяд. Баъзе аз шумо ба ҳадди ғояти фартутӣ ва пирӣ мерасад. Дар ин марҳилаи умр қувваи ҷисмонӣ ва тавоноӣ аз даст меравад, инсон заифу нотавон мегардад. Қувваи биноӣ, шунавоӣ ва ғайра суст мешавад. Чизҳои ёдкарда фаромӯш мегарданд, гӯё бори дигар ӯ тифл гардидааст.

Дар хатми ояти таҳти назар барои исбот имконпазир будани аз нав зинда шудан дар қиёмат гуфта шудааст, ки эй шахси шаковар, Замини хушкидаи мурдаи бе ҳеҷ растаниро, ки вақте бар он об (борон) фурӯ фиристем мебинӣ баъд аз мурдан гӯё дубора ҷон мегирад ба ҷунбиш медарояду рушду нумӯ мекунад ва дар он ҳар гуна растаниҳои ҳайратовар мерӯянд, ки сабаби завқ ва сурури бинанда мегардад. Оё ин барои аз нав зинда шудан далел нест?

Пас, Зоте, ки бо чунин тарз бар зинда сохтани Замини мурда қодир аст, ба офариниши дубораи инсон низ албатта, тавоност.

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)