Ҳукми салавот бар Аҳли байти Муҳаммад (с)

0

Ҳукми салавот бар Аҳли байт

Ба иҷмоъи фуқаҳо ба ғайри пайғамбарон ба таври мустақил ва хос салавот фиристода намешавад, валекин дар мутобиъати салавот фиристодан ба Пайғамбар (с) ба “Аҳли байт” низ салавот фиристода мешавад. Ба таври мисол ҷоиз нест гуфта шавад, ки “Аллоҳумма салли ало оли Муҳаммад”, валекин бояд гуфта шавад, ки “Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало олиҳ”. Дар ин мавзӯъ Имом Бадруддини Айнӣ дар “Шарҳи Абудовуд” (5/443) чунин гуфтааст:

“وفي شرح أبي داود للعيني5/ 443 قوله:”صلى الله عليك”الصلاة من الله تعالى:الرحمة،ومن الملائكة:الاستغفار ومن المؤمنين:الدعاء:وقد اختلف العلماء في الصلاة على غيرالأنبياء فقال مالك،وأبو حنيفة،والشافعي والأكثرون:لا يصلّى على غير الأنبياء استقلالا،لا يقال:اللهم صل على أبي بكر،أو عمر،أو عليّ،أوغيرهم ,ولكن يُصلّى عليهم تبعا،فيقال:اللهم صل على محمد وال محمدٍ وأصحابه وأزواجه وذريته- كما جاءت الأحاديث.وقال أحمد وجماعة: يُصلى على كل واحد من المؤمنين مُستقلاً، واحتجوا بهذا الحديث وبقوله – عليه السلام-:” اللهم صل على آل أبي أوفى “وكان إذا أتاه قوم بصدقتهم صلّى عليهم،واحتج الأكثرون بأن هذا النوع مأخوذ من التوقيف، واستعمال السلف، ولم يُنقل استعمالهم ذلك؛ بل خصّوا به الأنبياء كما خصوا الله تعالى بالتقديس والتسْبيح”.

“Салавоти аз ҷониби Аллоҳ таоло раҳмат аст ва аз ҷониби фариштагон истиғфор ва аз ҷониби муъминон дуост.  Уламо дар масъалаи ҷоиз будани фиристодани салавот бар ғайри пайғамбарон ихтилофи назар доранд.

Имомон Молик, Абуҳанифа, Шофеъӣ ва аксари уламо бар ин назаранд, ки ба таври мустақил ба ғайри пайғамбарон салавот фиристода нашавад. Ба таври мисол гуфта нашавад, ки “Аллоҳумма салли ало Абибакрин ё  Аллоҳумма салли ало Умара ё Аллоҳумма салли ало Алийин” ва ғайра. Аммо дар тобеияти Пайғамбар (с) бар онҳо салавот фиристода шавад, мисли Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи ва зуриятиҳи, ҳамчуноне дар ҳадисҳо омадааст.

Аммо Имом Аҳмад ва ҷамоъате аз уламо бар ин назаранд, ки ба ҳар мусулмоне бар таври мустақил салавот фиристодан ҷоиз аст  ва ба ривояти салавот фиристодани Пайғамбар (с) бар оли Абуавфоро далел қарор додаанд.  Локин аксари уламо ба ин назаранд, ки ҷоиз будан ё набуданаш тавқифист ва онро аз чигуна амал кардани салафи солеҳ бо ҳадисҳои воридшуда дар ин мавзӯъ дониста мешавад ва онҳо ба таври мустақил ба ҳамдигар салавот нафиристодаанд. Онҳо салавотро аз хусусиятҳои анбиё қарор додаанд, ҳамчуноне тасбиҳ ва тақдисро аз хусусиятҳои Аллоҳ таоло қарор додаанд”.

Хулоса касоне салавот фиристоданро ба ғайри пайғамбарон ҷоиз намедоранд, хӯб хабардоранд, ки дар ҳадисҳои саҳеҳ салавоти бар ғайри пайғамбарон ривоят шудааст, вале онро аз хусусиятҳои Пайғамбар (с) медонанд ва барои дигарон ҷоизаш намедонанд.

Дар масъалаи дар намоз чӣ ҳукм доштани салавот бар “Аҳли байт” ихтилофи назар аст, ки баъзеҳо онро воҷиб гуфтаанд, валекин дар қавли роҷеҳ ҳукмаш суннат аст. Лафзи салавотро дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) таълим додаанд ва амр кардааст, ки чунин бигӯед:

 “عن كَعْبُ بْنُ عُجْرَةَ،قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم:…  قُولُوا: اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، اللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ “. (كذا صحيح البخاري -4/ 146)”

“Ҳар вақто бар ман салавот фиристодед, бигӯед:Аллоҳум-ма салли ало Муҳаммадин ва ало олӣ Муҳаммад, камо саллайта ало Иброҳима ва ало олӣ Иброҳим. Ин-нака ҳамидум-маҷид. Аллоҳум-ма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад, камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим. Ин-нака ҳамидум-маҷид”.


Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Аҳлибайтшиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣҲаром будани закот бар Аҳли байти паёмбар Муҳаммад (с)
Мақолаи баъдӣМуҳаббат ба “Аҳли байти Муҳаммад” (с) дар Ислом