Сураи Ҳашр Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хашр Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳашр Ояти 15

كَمَثَلِ الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ قَرِيۡبًا‌ ذَاقُوۡا وَبَالَ اَمۡرِهِمۡ‌ۚ وَلَهُمۡ عَذَابٌ اَلِيۡمٌ‌ۚ ١٥

Ка масали-л-лазӣна мин қаблиҳим қарӣбан зақу ва бала амриҳим ва лаҳум ъазабун алӣм. 15.

15. Достони онҳо мисли достони касонест, ки дар замони наздик қабл аз онҳо буданд, вуболи гуноҳи худро чашиданд ва онҳорост азоби дарднок.

Сифати бани Назир ва ҳар он чизе, ки аз ҷилои ватан ба сари онҳо омад, ба мисли кофирони Макка аст, чунон ки бо онҳо дар ҷанги Бадр аз шикаст хӯрдану асир гаштан воқеъ шуд.

Байзовӣ мегӯяд, ки сарнавишти бани Назир мисли сарнавишти умматони гузашта шуд, ки ҳосили талхи ҷурмҳояшонро дар дунё чашиданд ва ба сабаби хиёнате, ки ба аҳди бо Расулуллоҳ (с) бастаашон карданд, онҳоро азоби дардноку сахту аламнок дар охират интизор аст. Ва ин…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳашр Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)