Тафсири Сураи Хашр Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 14
لَا يُقَاتِلُوۡنَكُمۡ جَمِيۡعًا اِلَّا فِىۡ قُرًى مُّحَصَّنَةٍ اَوۡ مِنۡ وَّرَآءِ جُدُرٍؕ بَاۡسُهُمۡ بَيۡنَهُمۡ شَدِيۡدٌ ؕ تَحۡسَبُهُمۡ جَمِيۡعًا وَّقُلُوۡبُهُمۡ شَتّٰىؕ ذٰلِكَ بِاَنَّهُمۡ قَوۡمٌ لَّا يَعۡقِلُوۡنَۚ ١٤
Ла юқотилунакум ҷамӣъан илла фӣ қура-м муҳассанатин ав ми-в варои ҷудур. Баъсуҳум байнаҳум шадӣд. Таҳсабуҳум ҷамӣъа-в ва қулубуҳум шатто. залика би аннаҳум қавму-л ла яъқилун. 14.
14. Онҳо (яҳуду мунофиқон) як ҷо шуда бо шумо ҷанг накунанд, магар дар деҳаҳои ҳисоркардашуда, ё аз паси деворҳо, ҷангашон дар байнашон сахт аст. Пиндорӣ онҳоро (бо ҳам) иттифоқ бошанд, аммо дилҳои онҳо пароканда аст, ин ба сабаби он аст, ки онҳо қавме ҳастанд, ақлро ба кор намебаранд.
Худованд мегӯяд, ки онҳо қодир нестанд, ки муҷтамаъ (дар маҷмуъ як ҷо) шуда, ба қитоли шумо оянд. Онҳо дар деҳаҳои даврашон ҳисоркардашуда ва атрофашон хандақу деворҳои баланду қасру камингоҳҳои мустаҳкамдошта меҷанганд. Ҷанги онҳо мардона ва одилона нест, балки омехта ба ҳилаву макру найрангу шайтанат аст.
Онҳо зоҳиран ба назар муташаккилу якдил намоянд ҳам, дар асл миёни сафи онҳо рахнаву тафриқаву ихтилоф хеле зиёдаст. Фақат як чизи умумӣ онҳоро бо ҳам ҷамъ оварда, ки ин адовати аҳли ҳақ аст. Ин ба костагии ақли онҳо далолат мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «