Тафсири Сураи Хашр Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 17
فَكَانَ عَاقِبَتَهُمَاۤ اَنَّهُمَا فِى النَّارِ خَالِدَيۡنِ فِيۡهَا ؕ وَذٰلِكَ جَزٰٓؤُا الظّٰلِمِيۡن ١٧
Фа кана ъақибатаҳума аннаҳума фи-н-нари холидайни фӣҳа. Ва залика ҷазйу-з-золимӣн. 17.
17. Пас, оқибати кори одамӣ ва шайтон он шуд, ки албатта, ҳар дуи онҳо ҷовидон дар оташ бошанд ва ин аст ҷазои ситамгорон (-и шайтонро итоъат кунанда).
Дар ин оят Аллоҳтаъоло хабар додаст, ки оқибату натиҷаи кори мунофиқон ва яҳудони бани Назир, чуноне ки дар ҳикояти боло гузашт, мисли оқибати кори инсони кофир ва шайтон шуд. Яъне мунофиқон ба бани Назир ҳеҷ ёри расонида натавонистанд. Хулоса, бозгашти онҳо, албатта, ба Ҷаҳаннам аст ва онҷо абадӣ бимонанд. Ин чунинаст ҷазои кули ситамгорон, ки ҳамдигарро зидди ҳақ ёрӣ ё васваса мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «