Сураи Ҳашр Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хашр Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳашр Ояти 21

لَوۡ اَنۡزَلۡنَا هٰذَا الۡقُرۡاٰنَ عَلٰى جَبَلٍ لَّرَاَيۡتَهٗ خَاشِعًا مُّتَصَدِّعًا مِّنۡ خَشۡيَةِ اللّٰهِ‌ؕ وَتِلۡكَ الۡاَمۡثَالُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُوۡنَ ٢١

Лав анзална ҳаза-л-Қур-ана ъала ҷабали-л ла раайтаҳу хошиъа-м мутасаддиъа-м мин хашятиллаҳ. Ва тилка-л амсалу наЗрибуҳа ли-н-наси лаъаллаҳум ятафаккарун. 21.

21. Агар ин Қуръонро бар кӯҳе фуруд меовардем, албатта, аз тарси Парвардигор он кӯҳро хушӯъкунанда ва пора-порашуда медидӣ. Ва ин мисолҳоро барои мардум баён мекунем, то шояд онҳо тафаккур кунанд.

Итоби Худованд аст, бандагони Худро барои он ки инсон назди Қуръон хушӯъу хузӯъ намекунад, гузашта аз ин, аз ӯ рӯйгардон аст. Худованд мефармояд, ки азамати Қуръон он қадар баландаст, ки агар онро ба инсонҳо нею ба кӯҳе мефиристодем ва кӯҳро чун инсон ақлу тамиз медодем, кӯҳ таъзиму икроми Қуръонро ба ҷо меовард локин аз тарси Парвардигори худ пора-пора мегашт.

Дар ҳақиқат имрӯз Қуръон аз бисёр инсонҳо дурафтода аст. Дурафтода ба ин маъно, ки аксари мардум онро истифода намебаранд ё ба истифода кардани он маърифату донише ки доранд басанда нест.

Эҳтироми Қуръон бо дар ҷойи баланди гузоштан ва ё сари мехе овезон карданаш ба ҷо намеояд. Борҳо мушоҳида кардаем, ки онро бо матое печонда, гӯё онро иззат карда бошанд, ба ҷое гузоштаанд, вале ҷанги болояш хобида мегӯяд, ки кайҳо касе онро ҳатто ба даст нагирифтааст, дар боби истифода аз он бошад ҳоҷати гуфтор нест.

Пас, Худованд чӣ гуна ҳушдор надиҳад, эй мардум, сари ин масъала тафаккур кунед! Бояд тафаккур кард!

Вақто ки Аллоҳтаъоло азамату бузургии Қуръонро шарҳ дод, пас, бузургию ҷалоли соҳиби Қуръонро баён намуда гуфт, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳашр Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)