Тафсири Сураи Хашр Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 24
هُوَ اللّٰهُ الۡخَـالِـقُ الۡبَارِئُ الۡمُصَوِّرُ لَـهُ الۡاَسۡمَآءُ الۡحُسۡنٰىؕ يُسَبِّحُ لَهٗ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِۚ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ٢٤
Ҳуваллоҳу-л-Холиқу-л-Бариу-л-Мусаввир. Лаҳу-л-асмау-л-ҳусна. Юсаббиҳу лаҳу ма фи-с самавати ва-л-арЗ. Ва Ҳува-л Ъазӣзу-л ҳакӣм. 24.
24. Ӯ Аллоҳест офаридгор, падидоранда ва нигоранда. Ӯро исмҳои нек аст, он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар Замин аст, Ӯро ба покӣ ёд мекунанд. Ӯ ғолибу боҳикмат аст.
Аллоҳтаъоло холиқи ҷамиъи ашёст. Онҳоро аз адам (нестӣ) офарида (падид оварда) сурат бастааст. Ӯ бо иродаи Худ нигорандаи шаклҳои махлуқоти Худ аст. Номҳои Аллоҳтаъоло неканд ва ба баландмартабагии ҳусни маъниҳои худ далолат мекунанд. Ваҳдонияти Аллоҳтаъоло ва бемислу бемонандии Ӯ аз исмҳо ва аз сифатҳояш низ маълум мегардад.
Тавре дар ибтидои сура зикр шуд, Худовандро ҷамиъи он чи дар Осмонҳо ва Замин аст, ҳарчанд, ки мо намешунавем, ба покизагӣ ёд карда, тасбеҳ мегӯянд. Аллоҳтаъоло азизу ғолиби мулки Худ аст. Ва дар санъати офариниш боҳикмат аст. Ҳикматашро дар офариниши махлуқоташ худаш медонад.
Поёни Сураи “Ҳашр” ва лиллоҳил ҳамду вал миннаҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «