Сураи Ҳашр Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хашр Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳашр Ояти 4

ذٰلِكَ بِاَنَّهُمۡ شَآقُّوا اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ‌ ۚ وَمَنۡ يُّشَآقِّ اللّٰهَ فَاِنَّ اللّٰهَ شَدِيۡدُ الۡعِقَابِ ٤

Залика би аннаҳум шаққуллоҳа ва расулаҳ. Ва ма-н юшаққиллоҳа фа инналлоҳа шадӣду-л-ъиқоб. 4.

4. Ин азоб ба сабаби он аст, ки онҳо Худо ва Расулашро мухолифат кардаанд ва ҳар шахсе Худоро мухолифат кунад, пас, албатта, Аллоҳ (бисёр) сахт иқобкунанда аст.

Ин азобу ҷилои ватан, ки бар сари яҳудиён омад сабаби гуноҳи худашон буд. Яъне онҳо аҳдеро, ки бо Худо ва расули Ӯ (с) баста буданд, шикастанд , бар зидди мусулмонон чуноне, ки қиссаи хилофкории онон баён мешавад ҳаракат карданд, хилоф варзиданд, душманӣ карданд, Ӯ таъолоро осӣ шуданд, бар Ӯ таъоло хиёнат намуданд.

Ҳар кассе хилофи амри Худо амал намояд ва бар дине, ки назди Худованд дини бар ҳақ аст душманӣ варзад, албатта, барои ӯ азоби Аллоҳтаъоло сахт ва иқобаш аламовар аст.

Баъди ин аз он ҳукмҳое, ки мусулмонон бо иродаи Аллоҳтаъоло бар яҳудиён ҷорӣ карданд дар ояти зер Аллоҳтаъоло хабар додааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳашр Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)