Тафсири Сураи Хашр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 5
مَا قَطَعۡتُمۡ مِّنۡ لِّيۡنَةٍ اَوۡ تَرَكۡتُمُوۡهَا قَآٮِٕمَةً عَلٰٓى اُصُوۡلِهَا فَبِاِذۡنِ اللّٰهِ وَلِيُخۡزِىَ الۡفٰسِقِيۡنَ ٥
Ма қатаътум-м ми-л лӣнатин ав тарактумуҳа қоиматан ъала усулиҳа фа би изниллаҳи ва ли юхзия-л-фасиқӣн. 5.
5. Он чизеро аз дарахти хурмо буридед ё онҳоро бар бехашон истода гузоштед, бо фармони Аллоҳ буд, то фосиқонро хор гардонад.
Яъне эй муъминҳо, он дарахтони хурморо, ки буридед, ё баъзеро бар аслашон боқӣ гузошта набуридед, ин ҳама ба хосту иҷозаву амри Парвардигор буд. Ин ҳама барои хашму хории фосиқон буд дар ивази аҳдшикание, ки карда буданд. Вақте, ки саҳобагон даст ба чунин кор заданд, яҳудиён гуфтанд: “Ай Муҳаммад, ин чӣ фасодкорист? Охир худат аз фасодкорӣ наҳй мекардӣ! Имрӯз ба ту чӣ расидааст, ки ба буридани дарахтони мевадор амр мекунӣ?”.
Худованд дар он вақт ояти мазкурро нозил кард. Кори асҳоб ба хотири он буд, ки яҳудиён хорию зории худро ҳис кунанд, донанд, ки аз тоъати Худованд хориҷ шуданашон онҳоро ба чунин рӯзи сахт оварда расонд.
Исломи азиз дарахт буридану оташ сар доданро ба ҳангоми ҷанг манъ намудааст ва ин ҳукм абадӣ пойдор мемонад. Вале он замон Худованд дар дили Пайғамбар (с) илҳом овард, то ба асҳоб ба буридани баъзе аз дарахтони хурмо амр кунад. Ин чанд сабаб дошт. Аввал ба хотири тарсонидани чашми яҳудиён, ки чун хурмоҳо нест шаванд дигар чӣ кор мекунанд? Дувум инро дида ба кӯч бастан розӣ шаванд, зеро дарахтони хурмо сармояи асосии зиндагияшон буд, сеюм барои таҳрими иқтисодии онҳо, чаҳорум барои хору беқадр кардани як қабилаи вайронкори аҳдшикан. Ҳангоме ки кӯч мебастанд, ба хурмоҳои буридашуда нигариста, ба ҳасрату афсӯс мегуфтанд, ки чӣ хел хурмоҳои хуб буданд…..
Тавре дар боло ишора рафт, ба яҳудиён иҷозат дода шуд, ки онҳо бе асбоби ҷангӣ як уштур бор бо худ гиранду дигар молу мулкашон ҳамчунон боқӣ монад. Байни асҳоб саволе ба миён омад, ки ин молу мулк аз кӣ ва ба чӣ кор сарф мешавад? Дар ғазоҳои пештара амволи бадастомадаро ғанимат гуфта панҷ тақсим мекарданд. Аз он чаҳор қисм барои ҷанговарон, як қисм барои ризои Худованд ба Пайғамбари Худо ва наздикони Ӯ (с) ва барои ятимону бечорагону мискинону ашхоси эҳтиёҷманд пешбинӣ мешуд.
Ин гуна тақсимот ба ҳама маълум буд. Аммо моле, ки аз бани Назир боқӣ монда буд, бе ягон ҷангу ҷаҳду талош ва бе мушкилӣ ба даст омада буд, пас он чӣ гуна бояд тақсим шавад? Ояти зерин ҷавоби ин суол аст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «