Тафсири Сураи Хашр Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 7
مَاۤ اَفَآءَ اللّٰهُ عَلٰى رَسُوۡلِهٖ مِنۡ اَهۡلِ الۡقُرٰى فَلِلّٰهِ وَلِلرَّسُوۡلِ وَلِذِى الۡقُرۡبٰى وَالۡيَتٰمٰى وَالۡمَسٰكِيۡنِ وَابۡنِ السَّبِيۡلِۙ كَىۡ لَا يَكُوۡنَ دُوۡلَةًۢ بَيۡنَ الۡاَغۡنِيَآءِ مِنۡكُمۡ ؕ وَمَاۤ اٰتٰٮكُمُ الرَّسُوۡلُ فَخُذُوْهُ وَمَا نَهٰٮكُمۡ عَنۡهُ فَانْتَهُوۡا ۚ وَاتَّقُوا اللّٰهَ ؕ اِنَّ اللّٰهَ شَدِيۡدُ الۡعِقَابِۘ ٧
Ма афааллоҳу ъала расулиҳӣ мин аҳли-л қура фа лиллаҳи ва ли-р-расули ва ли зи-л-қурба ва-л-ятама ва-л-масакӣни вабни-с-сабӣли кай ла якуна дулатан байна-л-ағнийаи минкум. Ва ма атакуму-р-расулу фа хузуҳу ва ма наҳакум ъанҳу фантаҳу. Ва-т-тақуллоҳ. Инналлоҳа шадӣду-л ъиқоб. 7.
7. Он чизеро Аллоҳ бар Пайғамбари Худ аз (молҳо) аҳли деҳаҳо ӯлҷа (насиба) гардонид, пас, (онҳо) барои Худо ва Расули Ӯст ва барои хешовандони Расули Ӯст ва барои ятимон ва фақирон ва барои ибни сабил аст, то набошад дастгардон байни тавонгароне аз шумо. Ва ҳар чӣ пайғамбар шуморо диҳад, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо наҳй кунад, аз он бозистед ва аз Худо битарсед, ки албатта, Аллоҳ сахт уқубаткунанда аст.
Он чизеро, ки аз амволи кофирон Худованд бе ягон ҷангу муҳориба ба Расулаш (с) насиб гардонид, барои Худо ва Расули Ӯст. Дар куҷо сарф кардани онҳо вогузор ба Пайғамбари Худо (с) аст. Ихтиёр дорад он амволро барои нафсаш ё барои маслиҳати мусулмонон ё барои ақрабояш аз бани Ҳошим ва Абдулмуталлиб ё барои ятимону ҳоҷатмандон ва фақирону мусофирону ғарибон сарф намояд.
Чунин мол дастгардони сарватмандон нагардад, балки бар хилофи давраи ҷоҳилият, бояд аз фақирон бошад, дар давраи ҷоҳилият чунин одат буд, ки аз 4 як ҳиссаи моли ғаниматро раис мегирифт. Бойҳо аз ғанимати боқимонда ҳар чизеро, ки писандашон буд ва қимат дошт, аз они худ менамуданд. Ба фақирону мискинон чандон моле намерасид.
Ҳангоми тақсими моли яҳудиёни бани Назир муҳоҷирон бисёр ҳам фақиру камбағал буданд, бинобар ин, амволи бадастомада байни онҳо тақсим карда шуд. Ба саҳобагони ансорӣ, ки сарватманд буданд, чизе дода нашуд. Бо вуҷуди дороияшон баъзе аз онҳо суол карданд, ки оё мо аз ин мол ҳақ дорем? Худованд фармуд, ки ба он чизе, ки Расули Ман амр мекунад, амал намоед ва аз чизе манъ месозад, худдорӣ кунед.
Чунин амри Аллоҳтаъоло дар тақсими моли “файъ”-“ӯлҷа” омадааст, вале ҳукми он ом аст. Ба ҳар чизе Расули Худо (с) амр намояд, ба он бояд амал намуд ва аз ҳар чизе манъ созад, аз он бояд худро нигоҳ дошт. Аз азоби Худованд бояд тарсид. Азоби Худованд барои шахси назди Ӯ таъоло осишуда ва аз амри Пайғамбараш (с) саркашида бисёр аламноку сахт дарднок аст. Ояти зер аҳволи саҳобагони муҳоҷирро баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «