Сураи Ҳашр Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хашр Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳашр Ояти 6

وَمَاۤ اَفَآءَ اللّٰهُ عَلٰى رَسُوۡلِهٖ مِنۡهُمۡ فَمَاۤ اَوۡجَفۡتُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ خَيۡلٍ وَّلَا رِكَابٍ وَّلٰڪِنَّ اللّٰهَ يُسَلِّطُ رُسُلَهٗ عَلٰى مَنۡ يَّشَآءُ ‌ؕ وَاللّٰهُ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ٦

Ва ма афааллоҳу ъала расулиҳӣ минҳум фа ма авҷафтум ъалайҳи мин хайли-в ва ла рикаби-в ва лакинналлоҳа юсаллиту русулаҳу ъала ма-н яшаъ. Валлоҳу ъала кулли шай- ин Қадӣр. 6.

6. Он чӣ Худо ба Расули Худ аз (амволи) бани Назир дар сурати фай(-улҷа) бозгардонид, (тамаъ накунед зеро) шумо бар онҳо на аспҳоро тохтед ва на шутуронро, валекин Худованд пайғамбарони Худро ба ҳар кӣ хоҳад, мусаллат (ғолиб) мегардонад. Худованд бар ҳама кор қодир аст.

Худованди мутаъол чунин кард, ки бани Назир на ҳама амволи худро бурданд, балки як ҳиссаи камеро соҳиб гаштанд. Худованд моли боқимондаро ба Расули Худ (с) ҳамчун ғаниматҳои безаҳмат (ӯлҷа) вогузошт. Хитоб ба ҷанговарон аст, ки шумо дар таҳсили (ҳосил кардан, ба даст овардан) ин мол машаққат накашидед ва на асп тохтеду на уштур. Ин моли ӯлҷа хос барои Расули Худост, ҳарчи хоҳад, мекунад. Зеро одатуллоҳ чунин ҷорӣ шудааст, ки бо ворид сохтани ваҳму тарс дар дили душманон ба расулони худ фатҳу зафар медиҳад. Аллоҳтаъоло ба ҳама кор қодир аст ва бар Ӯ ягон чиз ғолиб намеояд ва Ӯро ҳеҷ чиз монеъу оҷиз намегардонад. Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳашр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳашр Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)