Фактҳои ҷолиби забони англисӣ

0

Забони англисӣ яке аз паҳнгаштатарин забонҳои дунё ба шумор меравад. Табиист, ки аксари мардум мехоҳанд ин забонро омӯзанд. Якчанд фактҳои ҷолибро аз ин забон меорем, дӯстони азиз.


1,5 миллиард одам бо забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд ва  2 миллиард одам ин забонро меомӯзанд.


Аввалин луғати забони англисӣ соли 1775 тартиб дода шуда буд.


То асри XV дар забони англисӣ аломатҳои китобат истифода намешуданд.


Ҳарфи “E” серистеъмолтарин ҳарф ва ҳарфи “Q” камистеъмолтарин ҳарфи забони англисӣ ба шумор мераванд.


Аксарияти калимаҳои забони англисӣ бо ҳарфи “S” оғоз меёбанд.


Ҳарфи “Q” ягона ҳарфест, ки дар ягон номи иёлот (штатҳо)-и америкоӣ истифода нашудааст.


Дар калимаи Goddessship (олиҳа, ҳайратангез) ҳарфи “S” се маротиба пайиҳам меояд.


“I am.” хурдтарин ҷумлаи забони англисӣ ба шумор меравад.


Ҷумлаи  «The quick brown fox jumps over the lazy dog» (Рӯбоҳи қаҳваранги чолок аз болои саг меҷаҳад.) ҷумлаест, ки дар он ҳама ҳарфҳои забони англисӣ вомехӯранд. Аз ҳамин сабаб ин ҷумла дар нишон додани ҳуруф (шрифт)-ҳои гуногун истифода мешавад.


Калимаи дарозтарин дар забони англисӣ аз 45 ҳарф иборат аст: «pneumonoultramicroscopicsilicovolcanoconiosis». Калимаи мазкур намуди бемории шушро, ки дар натиҷаи нафас гирифтани хокистар ва чанг ба вуҷуд меояд, ифода мекунад.


Дар забони англисӣ ҷумлае ҳаст, аз 8 калимаи якхела иборат аст (бе аломатҳои китобат): «Buffalo buffalo Buffalo buffalo buffalo buffalo Buffalo buffalo». Ин ҷумларо метавон чунин тарҷума кард: “Бизонҳои (гови ёбоии америкоӣ) аз дигар бизонҳои Баффало тарсидаи Баффало, аз бизонҳои Баффало метарсанд.”


Забони англисӣ забони расмии осмон аст. Лётчик аз кадом давлате набошад, дар парвозҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд.

Инчунин хонед:

Якчанд сирри забономӯзӣ


Душвортарин тезгӯяки забони англисӣ ин «The sixth sick sheik’s sixth sheep’s sick» (Шашум гӯсфанди шашум шайхи бемор, бемор аст.) ба ҳисоб меравад.


Амперсанд (&) аломате, ки пайвандаки «ва»-ро мефаҳмонад, пеш яке аз ҳарфҳои алифбои забони англисӣ ба шумор мерафт.


Аз калимаи «therein» метавон 10 калимаи нав, бе иваз намудани ҷойи ҳарфҳо сохт: the (артикли муайянӣ), there (онҷо), he (ӯ), in (дар), rein (ҷилав), her (ба ӯ), here (инҷо), ere (то), therein (ба ин муносибат), herein (бо ин).


Калимаҳои қадимитарини забони англисӣ, ки имрӯз ҳам истифода мешаванд калимаҳои town, I, we, two, three ба шумор мераванд.


Дар забони англисӣ ҳама қитъаҳо бо як ҳарф оғоз ва анҷом меёбанд: America, Antarctica, Europe, Asia, Australia ва Africa.


Дар забони англисӣ калимае мавҷуд аст, ки дар он як садонок (I) шаш маротиба такрор меояд:  indivisibility (тақсимнашаванда).


«Underground» (метро, таҳхона) ягона калимаест, ки бо “und” оғозу анҷом меёбад.


Калимаи «girl» (духтар) пеш дар забони англисӣ ҷинсро муайян намекард. Танҳо бо маънои “кӯдак”, “тифл” истифода мешуд.


Ҳангоми аз калимаи «queue» (навбат) гирифтани чор ҳарфи охир, талаффузи калима иваз намешавад.


Калимаи сермаънотарини забони англисӣ калимаи “set” ба ҳисоб меравад. Ин калима дорои 44 маънои феълӣ, 17 маънои исмӣ, 7 маънои сифатӣ ва чанди вариантҳои дигар мебошад.


Ҷумлаи дарозтарин дар асари мансури бадеии забони англисӣ аз 13 955 калима иборат аст. (асари Ҷонатан Коу, номи асар бо забони русӣ: «Клуб ракалий»).


Калимаи goodbye (падруд) замоне дар шакли пурра чунин истифода мешуд: God be with ye (англисии қадим: «Худо ҳамроҳат бод!»).


Инчунин хонед:

30 далели ҷолиби забонҳои дунё

Забони англиси, фактхои ачиб, далелхои чолиб аз забони англиси

 

Мақолаи қаблӣ2 роҳи асосӣ сӯи муваффақият
Мақолаи баъдӣXiaomi: 10 – соли пешрафту комёбӣ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед