Маълумот дар бораи наркоз бо забони точики, наркозро ки ихтироъ кардааст? Ҷавоб ба ин мавзӯҳо дар ин мақола >>

Оё шумо медонед, ки наркозро бори аввал табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино кашф намудааст.
Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро маҳз ӯ аввалин маротиба ҷарроҳии омосро муваффақона анҷом дода, мавриди хушсифат ва хатарнок будани он иттилои пурра дода буд. Табиист, ки анҷоми ин кор бе беҳис кардани инсон оқибати марговар дошт. Ба ин хотир, табиб роҳи пурра беҳуш намудани инсонро ҷуст ва онро пайдо намуд.
Дар ин бора худи табиб навиштааст, ки таҷрибаҳои гуногун гузаронда, якчанд роҳи илман асосноки ба таври сунъӣ беҳис кардани ин ё он узви бадан ва ё тамоман беҳуш кардани инсонро пайдо намудааст. Он замон табибони Аврупо беморонро бераҳмона – ба зарбаи сахт беҳуш менамуданд.


