Сураи Ҳиҷр Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 13

لَا يُؤْمِنُونَ بِهِ ۖ وَقَدْ خَلَتْ سُنَّةُ الْأَوَّلِينَ ١٣

Ла юъминуна биҳӣ ва қад халат суннату-л-аввалӣн. 13.

13. ки ба Қуръон имон наёранд ва ҳаройина, оини пешиниён гузаштааст.

Худованд дар ин оят ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки мусалмон шудани ингуна инсонҳоеро, ки одати онҳо масхара кардани пайғамбарон аст, орзу макун! Онҳоро бигзор, то дар ботлоқи андешаҳои ботил ва орзуҳои шаҳвонияшон фурӯтар раванд. Онҳо бо ин одаташон бо Қуръони нозилкардаи Мо имон намеоранд. Дар замони пайғамбарони гузашта низ роҳу равиши ингуна инсонҳо чунин буд. Оре! Худованд нобуд кардани тоифаеро ирода карда бошад, онҳо роҳи истеҳзо ва масхара кардани пайғамбаронро пеш мегиранд ва дигар бо ҳеҷ гуна насиҳат тағйире намеёбанд.

Чун Қуръони Худро фиристод Ҳаққ,

Ҳифозат намояд Худаш з-он варақ.

Ки пеш аз ту ҳам сӯйи дигар умам,

Расулон бикардем мабъус ҳам.

Зи Яздон наомад расули накӯ,

Магар ин ки карданд инкори ӯ.

Бадингуна бо ту Қуръону дин,

Нишонем андар дили муҷримин.

Ки куффор ҳаргиз ба Қуръон китоб,

Наёранд имону исломи ноб.

Чу ақвоми пешин тамасхур кунанд,

Ҳама муҳри инкор бар дил зананд.

(Умеди Маҷд)


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)