Тафсири Сураи Хичр Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 15
لَقَالُوا إِنَّمَا سُكِّرَتْ أَبْصَارُنَا بَلْ نَحْنُ قَوْمٌ مَسْحُورُونَ ١٥
Ла-қолу иннама суккират абсаруна бал наҳну қавму-м масҳурун. 15.
15. Албатта гӯянд: «Ҷуз ин нест, ки моро чашмбандӣ карда шуд, балки мо қавме ҳастем, ки (сар то по) ҷодузадаем».
Худованд дар ин оятҳо аз ҳоли тамасхуркунандагони пайғамбарон хабар додааст, ки онҳо фуруд омадани фариштагонро барои тасдиқи гуфтаҳои пайғамбарон мепурсанд, ин баҳона аст. Сабаби имон наоварданашон нарасидани далел ё кам будани ҳуҷҷатҳо нест. Онҳо бо кибру ғуруру саркашӣ чунон дар ғафлат мондаанд, ки ба онҳо, ҳатто аз хоҳишашон зиёд ҳуҷҷату далел нишон дода шавад ҳам, имон намеоранд. Аз он ҷумла, агар дарҳои осмон барои онҳо кушода шавад ва онҳо бо абзору таҷҳизоти фазоӣ барои мушоҳида кардани махлуқоти аҷоиби Аллоҳтаъоло ба боло раванд ҳам, онҳо назди Ҳаққ таслим намешаванд. Онҳо, албатта, хоҳанд гуфт, ки мо ба ин чизҳо бовар надорем, ин ҳақиқат нест, моро чашмбандӣ кардед. Балки аз ин зиёдтар мегӯянд, ки мо қавме ҳастем, ки шумо сар то по дар сеҳру ҷоду моро банд кардаед! Модоме ки онҳо чунин одат доранд, оё панду мавъиза барои онҳо суде дорад? Маълум мешавад, ки ҷуз роҳи тарк барои ононро роҳи дигаре нест, зеро ин гуна инсонҳо ҳаргиз имон намеоранд.
Агар баркушоем бар кофирон,
Дареро зи дарҳои ҳафт осмон,
Ки доим намоянд сӯяш уруҷ,
Пас аз он намоянд зи он ҷо хуруҷ.
Дар он лаҳза ҳам баҳри инкори ту,
Бихоҳанд гуфтан суханҳои ну,
Ки Аҳмад бикардаст ҷодуе кунун,
Фурӯ баста чашмони мо бо фусун.
(Умеди Маҷд)
Хулоса, барои он бехирадон ин қадар талаб кардани муъҷизаҳо шарт набуд. Агар онҳо ба атроф бо чашми иборат назар мекарданд, медиданд, ки дунё пур аз муъҷиза аст. Ҳеҷ набошад ба он чизҳое, ки оятҳои зер ёдрас кардаанд, бо эътибор як назар мекарданд ва ҳамин барои имон овардани онҳо кифоя буд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «