Тафсири Сураи Хичр Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 16
وَلَقَدْ جَعَلْنَا فِي السَّمَاءِ بُرُوجًا وَزَيَّنَّاهَا لِلنَّاظِرِينَ ١٦
Ва лақад ҷаъална фи-с-самаи буруҷа-в ва зайяннаҳа ли-н-назирӣн. 16.
16. Ва ҳаройина, дар Осмон бурҷҳо офаридем ва онро барои бинандагон биёростем.
Ояти мазкур ва оятҳои баъдӣ баҳсҳоеро, ки дар бораи Қуръон ва пайғамбарӣ дар оятҳои қаблӣ гузашт, бо далелҳои раднопазир ҳаллу фасл менамоянд ва барои касе, ки мехоҳад Худоро бишносад, маълумоти кофӣ ҳастанд. Худованд дар аввали ин оят фармудааст, ки Мо дар осмон бурҷҳоро қарор додем. Оре! Ҳама ба осмон назар мекунанд, локин на ҳама андеша мекунанд, ки осмон ҳамроҳ бо мавҷудоташ яке аз муъҷизаҳои бузурги Парвардигор аст ва ин муъҷизаи бузургро ба ғайр аз Аллоҳтаъолло касе офарида наметавонад. Оё ин барои Худошиносӣ кифоя нест? Албатта, кифоя аст. Муфассирон гуфтаанд, ки мурод аз лафзи арабии «Сама» фазои осмонӣ аст. Илми имрӯза онро Кайҳон, Коинот меномад ва дар урф онро осмон меноманд.
Худованд Осмон Коинотро офарид. Дар он бурҷҳои иборат аз ситорагони гуногунро офарид. Ситорагон аз ҷиҳати андоза, макони ҷойгиршавӣ дар фазои Коинот, таркиби кимиёвӣ, равшаннокӣ, дараҷаи ҳарорат ва ғ. аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Баъзе аз ситорагонро Худованд дар Коинот Осмон гурӯҳ гурӯҳ ҷойгир намудааст. Бо гузашти вақт мавқеи онҳо нисбати ҳамдигар тағйир намеёбад. Ҳар гурӯҳе бурҷ, ё бурҷи осмонӣ ном дорад. Байни ин бурҷҳо 12-тои онҳо машҳуранд: Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷаддӣ, Далв, Ҳут. Ҳангоми гардиши солонаи Замин дар атрофи Офтоб, барои мушоҳида кунанда дар рӯйи Замин чунин менамояд, ки гӯё Офтоб дар давоми сол аз бурҷе ба бурҷе аз ин бурҷҳои 12-гона ҳаракат мекунад. Ин ҳодиса барои ҳисоби моҳҳо ва фаслҳои сол истифода мешавад.
Худованди таъоло дар охири ояти мазкур мефармояд, ки осмонро бо ҷойгир гардонидани ситорагон зебо ва ороста гардондем, ки бинандагон аз дидани он лаззат баранд. Агар инсон пешниҳоди Худои таъолоро қабул кунад ва ба Осмон Коинот бо назари ибрат нигоҳ кунаду дар бораи ситорагон, сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълумот ҷамъ кунад, инчунин дар бораи онҳо андеша ронад, барои шинохтани бузургии Офаридгори онҳо роҳ меёбад.
Хулоса, барои шинохтани Парвардигор ва Пайғамбари ӯ (с) фуруд омадани фариштагон, ё ба Осмон боло рафтану дидани олами ҳайратангези ҷирмҳои осмонӣ шарт нест. Ояти зер ин мавзӯъро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «